ОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Имрӯз, 16 ноябр дар Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Салимзода Амонулло Файзулло, муовини якуми раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ тамоми мардуми вилоятро ба ин санаи таърихӣ табрику таҳният намуда, зикр карданд, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои суботу осоиштагӣ ва ваҳдати комили миллӣ зиндагӣ карда, шоҳиди пешрафтҳои рӯзафзуни диёри маҳбубамон дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, саноату кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу маънавиёт мегарданд.

— Тамоми дастовардҳо ва неъматҳое, ки дорем, ба шарофати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаву таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат мамлакатамон ба рушду шукуфоӣ расидааст.

Гуфта шуд, ки дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр ба гиромидошти хизматҳои мондагори Сарвари муаззами давлат – меъмори сулҳу ваҳдат ва ҳомии Истиқлолу якпорчагии мамлакат, таҷлил мегардад, миллионҳо тоҷикистониён меҳру муҳаббату садоқати бепоёни худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арз медоранд.

«Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон, рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, тасдиқи худро ёфтанд. Тасдиқ шудани рамзҳои давлатӣ дар шароити бениҳоят мушкили сиёсӣ бори дигар собит сохт, ки Ҳукумати тозаинтихоб бо сардории сиёсатмадори ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ муносибати ҷиддӣ, қатъӣ ва собитқадамона дорад», гуфт Салимзода Амонулло Файзулло, муовини якуми раиси вилояти Хатлон.

Зикр гардид, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон ба поси хизматҳои мондагор ва фидокориҳои Ҷаноби Олӣ, ки дар поягузории сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлатдории навин, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ анҷом додаанд, беш аз пеш, бо сидқу вафо дар атрофи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муттаҳидтар шуда, дар татбиқи сиёсати инсонпарварона ва фардосозашон ҳамеша ҳамдасту ҳиссагузор хоҳанд буд.

Пас аз қисмати тантанавӣ санъаткорони Раёсати фарҳанги вилоят барномаи ҷолиби ҳунарии худро, ки дар мавзуи ифтихори ватандорӣ, шукрона аз ободиву осудагӣ, изҳори қаноатмандӣ аз сиёсати комили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ба ҳозирин пешниҳод карданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles