35 000 НАФАР. РОҲПАЙМОИИ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Субҳи имрӯз, 16 ноябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии оммавӣ доир гардид.

Роҳпаймоӣ бо иштироки зиёда аз 35 ҳазор нафар намояндагони касбу кори гуногун, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр бо шиору навиштаҷоти пурмазмун иборат аз ифтихори ватандорӣ, шукрона аз ободиву осудагӣ, изҳори қаноатмандӣ аз сиёсати комили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъмини амният, сарҷамъ сохтани миллат бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Иштирокдорон бо роҳпаймоии худ аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат пуштибонӣ намуда, бо изҳори қаноатмандӣ аз фазои орому осудаи ватан, ки маҳз бо шарофати Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст, бо шукргузорӣ ин санаи муҳими таърихиро таҷлил намуданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles