Имрӯз, 15 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд, ки дар он гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинаҳо эълон гардида, бо туҳфаҳои кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Довталабони вилояти Хатлон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолияти хуб нишон дода, аз рӯи номинатсияҳои гуногун соҳиби 22 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон Бежан Абдуалиев-хонандаи синфи 1-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи 2, Гесу Сироҷиддинова-хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Ёвон соҳиби ҷойи 3, Муҳаё Маҳмудзода-хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи 2 гаштанд.
Дар миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон Нурбону Расулова-хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Восеъ соҳиби ҷойи 2, Комила Мадуллоева-хонандаи синфи 5-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Мафрӯза Шарофова-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Муъминобод соҳиби ҷойи 1, Малика Сайвализода-хонандаи синфи 10-и мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб соҳиби ҷойи 2, Омина Одинаева-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-и ноҳияи Восеъ соҳиби ҷойи 3, Раҳмон Маъмурзода-хонандаи синфи 10-и литсейи “Ориёно”-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи 2, Саидикром Самадов-хонандаи синфи 10-и литсейи “Ориёно”-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи 3, Меҳрубон Мақсудова-хонандаи синфи 9-и мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш соҳиби ҷойи 3 ба даст оварданд.
Дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо) дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Маъво Хошокова-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав соҳиби ҷойи 3, Раҳимҷони Ватанқул-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав соҳиби ҷойи 3, Шукрона Файзуллозода-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав соҳиби ҷойи 3, Фаррух Ҳотамов-магистри курси 1-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав соҳиби ҷойи 3 гардиданд.
Дар миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Парвинаи Шариф-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Ховалинг соҳиби ҷойи 1, Саъбагул Одинаева-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Ҷамила Шукурова-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Хуросон соҳиби ҷойи 1, Гулноза Қурбонназарова-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Вахш соҳиби ҷойи 3, Суман Қосимзода-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи А.Ҷомӣ соҳиби ҷойи 3, Муродгул Саъдуллоева-омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи эҷоди наср Диловар Саъдуллоев-омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби ҷойи 1 шуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон