Имрӯз, 15 ноябр дар ҳошияи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи вилоятӣ оид ба бадминтон баргузор гардид.
Дар мусобиқа варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар фаъолона иштирок намуда, аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.
Дар қисмати охир ғолибон бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон