Имрӯз, 15 ноябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Қазоқистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ намояндагони доираҳои тиҷоративу сармоягузории Қазоқистон Букейханов Нуралӣ, директори генералии ҶСК “Казтрейд”, Токтаров Максат, менеҷер, харидори “Магнум”, Берик Молдагалиев, директори тиҷоратии “Umay Agro”, Иманбекова Светлана, менеҷер, харидори “Small” ва Назарбай Кенжебек, менеҷер, харидори “Small” иштирок ва доир ба самтҳои афзалиятдори ҳамкорӣ сухан гуфтанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатҳои дӯсту бародари Тоҷикистон ва Қазоқистон табодули назар карданд.
Қайд гардид, ки аз замони роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар равобити мутақобилан судманд дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию маданӣ устувор гардиданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти хориҷии мост. «Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳои мо мусоидат мекунанд, манфиатдорем», — афзуд раиси вилоят.
Дар мулоқот аз намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои бузурги Қазоқистон дар моҳи августи соли ҷорӣ баргузор шуд ва дар он вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаато намояндагӣ дошт, ёдоварӣ шуд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба таври мисол ёдовар гардид, вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбандаи кишвар буда, дар он қариб чор миллион нафар аҳолӣ ба сар мебаранд. Вилоят ҳамеша бо маҳсулоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҳо, харбузаву пиёз машҳур аст. Танҳо соли гузашта дар вилоят 410,0 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ истеҳсол гардид, ки қисми зиёди он ба бозорҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Қазоқистон содир гардид.
Дар вилоят ҳамасола зиёда аз 80 ҳазор тонна нахи пахта, 55 ҳазор адад пӯст аз чорвои калони шохдор ва чорвои майда, инчунин зиёда аз шаш ҳазор тонна пашм истеҳсол мешавад, ки қисми зиёди он ба хориҷ содирот мешавад.
Раиси вилоят гуфт, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи коркарди ин ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар саноати сабук замина мегузорад.
“Мо алоқаманди рушди ҳамкорӣ дар самти коркарди меваю сабзавот ва консерва барои содирот ба Қазоқистон ва кишварҳои сеюм, бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти чорво, аз ҷумла пашму пӯст, таъсиси марказҳои логистикӣ дар вилояти Хатлон, бунёди корхонаҳои коркарди пахта ва ба маҳсулоти ниҳоӣ расонидани он бо тамаркуз ба содирот ҳастем”, – идома дод раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Қазоқистон табодули андеша карда, барои зиёд намудани ҳаҷми содироти пахта, маҳсулоти сабзавотию меваҷот ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҳавасмандӣ нишон доданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон