Имрӯз, 14 ноябр бахшида ба ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри вилоятии мусиқӣ — масҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлол ва нумӯи Тоҷикистон” баргузор гардид.
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ ҳозиринро ба ин рӯзи муқаддас табрику таҳният намуда, зикр карданд, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш тибқи раддабандии Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 142 давлати ҷаҳон дар ҷойи якум қарор гирифт, ки ин аз хизмати софдилона ва шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
— Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун ҳодисаи нодиру сарнавиштсоз, падидаи ҳалкунанда ва бунёдгузор, сарчашма ва ибтидои сулҳу амонӣ ва ҳифзи давлатдории милии тоҷикон ба шумор рафта, дар таърих бо сатрҳои заррин сабт гардидааст.
Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи Президент арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва корномаи беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Иҷлосияи тақдирсоз бошад, сиёсатмадореро ба сари ҳокимият оварад, ки ин миллату давлатро аз вартаи нобудшавӣ наҷот дод.
Сафарализода Хуҷамурод, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зимни суханронии худ аз нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлол ва ваҳдати миллӣ ҳарф зада афзуд, ки таҷрибаи таърихӣ борҳо исбот намудааст, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи ниҳоди сарварӣ қодир аст, ки дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлатҳои миллӣ гардад.
Аҳамияти таърихии фаъолияти ин ниҳодро имрӯз мо метавонем дар мисоли мактаби сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос намоем.
“Мардуми шарафманди тоҷик барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони Истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон дода, қаҳрамониҳо кардаанд. Нақши Пешвои миллат дар ин самт хеле бузург аст”, — афзуд Холиқов Фирдавс, муовини сардори Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон.
Инчунин дар конференсия Ҷамшед Саидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, шоир Амиршоҳи Хатлонӣ низ суханронӣ карданд.
Зикр гардид, ки дар атрофи ғояҳои ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида муттаҳидтар мешавем ва истиқлолу якпорчагии Ватани азизамонро ҳифз менамоем.
Маркази иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон