ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА “ФЕСТИВАЛИ НАМОИШ ВА ФУРӮШИ ЧОРВОИ ЗОТӢ” ДОИР ШУД

4 ноябр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» баргузор гардид.
Дар фестивал намудҳои гуногуни чорвои хурду калон аз филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар вилояти Хатлон, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолии самти чорвопарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят муаррифӣ карда шуд.
Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода зимни суханрониаш дар ин фестивал таъкид кард, ки соҳаи чорводорӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки кишоварзӣ ба шумор рафта, дар таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи намоён дорад. Хусусан дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди имрӯзаи соҳа мусоидат намудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 октябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 626 ҳазору 973 сар чорвои калон, 6 миллиону 622 ҳазору 422 сар гӯсфанду буз ва 87 ҳазор сар асп мавҷуд аст. Дар ин давра 202187,8 тонна гӯшт ва 688925,0 тонна шир истеҳсол шудааст.
Дар фарҷом барои иштироки фаъол як зумра шахсоне, ки дар рушди соҳа саҳм доранд, бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Related Articles