Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» 7 ноябр Рўзи Театри тоҷик маҳсуб мешавад. Дар арафаи ин сана хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дастоварҳои Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, ки дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» се соли охир сазовори ҷойҳои асосӣ гардид, ёдовар шуд.
Муҳимтарин дастоварди солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҳунармандони ин даргоҳ он аст, ки 25 августи соли 2016 бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бинои нави хуштарҳу замонавии театри мазкур барои 800 нафар тамошобин пешбинӣ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи 26 миллион сомонӣ бунёд шудааст.
Ба гуфти мутахассисон, бо чунин тарҳ бунёд гардидани театр дар самти фаъолияти касбии ҳунармандон мусоидати бештар хоҳад кард, зеро саҳнаи марказии толори тамошобинон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ чархзананда буда, дар вақти таҳия ва пешниҳоди намоишномаҳо ороиш ва дигаргун намудани саҳна ба осонӣ амалӣ мегардад.
Дар ин ҷо беш аз 20 утоқӣ корӣ, аз ҷумла ҷойи машқу тамрини ҳунармандон, ороиши чеҳра, ҳуҷраи нигоҳдории либосҳои саҳнавӣ, ошхона ва ҷой барои истироҳати ҳунарпешаҳои театр бунёд гардидааст, ки ҳама бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии соҳа таъмин карда шудаанд.
Пешвои миллат дар ин ҷо таъкид доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароит аҳли театрро зарур аст, ки пайваста дар сафи пеши тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши маърифату завқи баланди мардум қарор дошта, масъалаҳои нав ва мубрами ҳаётро дар даврони истиқлол ба миён гузоранд.
Директори Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Отахон Саидзода иброз дошт «Соҳиби чунин бинои хуштарҳи замонавии дар вилоят беназир гаштан барои ҳунармандони мо як воқеаи басо таърихиву фаромўшношуданӣ мебошад. Мо аз ин ғамхорӣ бештар масъулият эҳсос намудем, руҳбаланд гардида, саъю талош дорем, ки намоишномаҳои ҷолибу ибратомӯзро рӯи саҳна биорем».
«Тавре Пешвои миллат таъкид доштанд, мо бояд пайваста дар сафи пеши тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши маърифату завқи баланди мардум қарор дошта бошем, бахусус дар тарбияи насли наврас саҳми намоён гузорем», -афзуд ў.
Отахон Саидзода тазаккур дод, ки ҷавобан ба ин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар чандин фестивалҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ намоишномаҳои ҷолиб пешниҳод намуда, ба гирифтани ҷойҳои сазовору мукофотҳо ноил гаштем.
«Дар се «Парасту»-и охир театри мо ба гирифтани ҷойҳои асосӣ мушарраф шуд, ки чунин дастовардҳоро Театр ёд надорад. Соли 2019 сазовори ҷойи сеюм гаштем, бо намоиши «Карим-Девона» (дар таҳияи Қурбонмуҳаммад Шукурзода), соли 2021 сазовори ҷойи дуюм гаштем бо намоиши «Бежан ва Манижа» (дар таҳияи Баҳром Қурбонзода), имсол низ бо намоиши «Зол ва Рӯдоба» (дар таҳияи Баҳром Қурбонзода) ҷойи дуюмро мушарраф шудем»,-иттилоъ дод мавсуф.
Директори театр гуфт, ки «Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки ба таърихи миллат, тамаддуни пешрафтаамон дурусту самаранок рӯ биорем. Воқеан, замоне фаро расидааст, ки бо асарҳои бузургони ҷаҳониамон на танҳо ифтихор дошта бошем, балки беҳтару бештар дар арсаи олам онҳоро муаррифӣ намоем.
Бо таҳияи намоишномаҳои миллӣ мо насли ояндасозро огоҳ мекунем, ки мо кӣ ҳастем ва чи асарҳои баландғояву баландмазмун дорем».
«Дар театри мо ҷавонон низ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд. Барои ҳунармандоне, ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдастанд, маблағи хонаҳои иҷора аз ҳисоби театр пардохт мешавад.
Шумораи ин гуна ҳунармандон 6 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо аз шаҳри Ҳисор, ноҳияи Панҷ ва дигар шаҳру навоҳии мамлакат мебошанд. Онҳо ин Театрро, фаъолият дар онро дӯст доштанд ва мехоҳанд дар оянда низ, корро дар ин боргоҳи ҳунар идома бидиҳанд. Мо чораҳои заруриро меандешем, то бо манзил таъмин бишаванд»,- афзуд Отахон Саидзода.
Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки «мо пайваста ба шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар ба сафари ҳунарӣ мебароем. Намоишҳоямонро хуб пазироӣ мекунанд. Аз ҷумла, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ низ намоишҳоямонро бурдем. Ҳатто ба деҳаҳои дурдасти кӯҳистон, ки дар он ҷойҳо аҳолӣ кам буданд, сафари ҳунарӣ анҷом додем».
Рухсораи НУР, АМИТ «Ховар»