Имрӯз ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқадори меҳнат Низорамо Зарипова зодрӯз доранд ва ба синни мубораки 100-солагӣ қадам мегузоранд.
Модари азиз!
Бо арзи эҳтиром ва самимияти хос Шуморо ба муносибати ҷашни зебои мавлудатон самимона таҳният гуфта, бароятон саломатии устувор ва рӯзгори босаодатро орзумандам.
Шумо аз ҷумлаи бонувони фаъолу тозаназар, навовар, хушсалиқа ва дар мавқеъ устувор мебошед. Бо фаъолияти пурмаҳсули бисёрсолаи худ, ташаббускорӣ, ҷавҳари роҳбарӣ ва инсони ҳушманду шахсияти корозмуда ва фавқулода буданатон дар ҷомеа соҳибэҳтиром ҳастед.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон арҷ гузошта, занонро ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ ситоиш кардаанд. Ба ин маънӣ, маҳз бонувони пуртаҷрибаю донишманд, зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, ватандӯсту меҳанпарасте, чун Шумо, намунаи олии зан-модари соҳибиззати тоҷик мебошанд.
Фаъолияти бенуқсони Шумо ба ҳайси ходими барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, вакили Шурои Олии ИҶШС ва Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон, мудири шуъба ва котиби Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон барои насли имрӯзаи бонувони роҳбар ва кулли хизматчиёни давлатӣ намунаи ибрату пайравӣ мебошад.
Имрӯз низ, сарфи назар аз он ки дар синни нафақа қарор доред, фаъолона сиёсати давлатӣ, пойдории оила ва ҷомеаи солимро ташвиқу тарғиб мекунед ва ҳамчун зани солору кордон, бофарҳангу соҳибмаърифат дар ташаккули ҷомеаи мутамаддин, тарбияву роҳнамоии мутахассисони ҷавон саҳми сазовор мегузоред.
Мутмаинам, ки ҷумлаи занони Тоҷикистони маҳбубамон модари чун Шумо пешсаф, боиффату иззатманд, соҳибмақому хушзабон, модари ғамхор, тарбиятгару ҳалимро намунаи барҷастаи кору зиндагии худ қарор додаанд.
Дар ин рӯзи накӯ барои фаъолияти бисёрсолаи пурборатон дар хизмати давлатӣ, саҳмгузориатон дар ташаккули ҷомеаи маданӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ миннатдорӣ баён менамоям.
Бо таманнои хушрӯзиатон, бори дигар, ба ифтихори садумин баҳори умри муборак Шуморо сидқан шодбошу муборакбод гуфта, бароятон хушбахтӣ, саломатии бардавом ва рӯзгори пурфайзу бобаракатро таманно дорам.
Бо самимият, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид