Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли эҳтиром Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқолро, ки шоҳсутун ва бахтномаи давлату миллати мо ба ҳисоб меравад, барои ҳар як сокини вилоят ва кишвари азизамон самимона муборакбод мегӯям.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии миллии кишвар буда, он ҳамасола 6 ноябр таҷлил мегардад. Конститутсия шаҳодатномаи халқи соҳибистиқлол ва номаи камоли давлати озоду соҳибихтиёри мо ба шумор меравад.
Соли 1991 дар таърихи давлатдории миллии мо гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нав ба вуқуъ пайваст. Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷудомада зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён овард. Дар назди роҳбарияти давлат иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти таърихӣ — бунёди давлати ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосир пеш омад.
Қабули Конститутсияи соли 1994, яъне аввалин Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ ба давраи ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост омад. Ин буд, ки роҳбарии комиссияи конститутсиониро, ки таҳия ва эҷоди Конститутсияро бояд ба роҳ мемонд, он кас ба дӯш доштанд ва бо дарки масъулияти баланд ин вазифаро ба иҷро расониданд. Маҳз бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конститутсияи Тоҷикистон давлати мо давлати иҷтимоӣ муайян шудааст.
Ҳамин тавр, 6-уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва ин санад дар дигаргунсозии муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда дошта, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкили ҳудудии давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян намуд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол худро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон кард, ки ин меъёр дар моддаи аввали Конститутсия зикр шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Афзалтар аз ҳама, маҳфуми дунявӣ будан барои таҳкими робитаҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди минбаъдаи ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роҳи васеъ кушод.
Конститутсияи Тоҷикистон як силсила ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, манзил, озодии эътиқод, озодии интихоби маҳалли зист ва дигар ҳуқуқу озодиҳоро муқаррар намудааст, ки ин ифодакунандаи моҳияти демократӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон мебошад.
Ҷавҳари асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат карда, барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандон вобаста ба иқтидори иқтисодӣ ва молиявии кишвар шароити мусоид фароҳам оварад.
Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад». Дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои насли имрӯз дар самти риояи қонуният намунаи ибрат бошем ва ба он муваффақ шавем, ки бо қонун зистан ва танҳо дар доираи қонун фаъолият кардан ба меъёри ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
Ҳар як шахс уҳдадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя карда, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон, ҳимояи марзу буми Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангиро ҳадафи зиндагии озодонаи худ қарор диҳад. Бо қаноатмандӣ метавон зикр намуд, ки ҳоло халқи тоҷик бо шукргузорӣ аз осоишу амнияти кишвар эҳтироми волоияти Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро шарти муҳим ва қарзи ватандӯстонаи худ мешуморанд.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Конститутсияи мо ифодагари манфиатҳои олии миллат ва давлат, низоми устувори давлатдорӣ, ҳимояи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва фаъолияти бонизоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад».
Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон сол то сол рушд карда истодааст ва албатта, бо мақсади мукаммалгардонии соҳаи соҳибкорӣ, ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва пеш омадани зарурат, яъне дигаргун шудани муносибатҳои ҷомеа, ба Конститутсия низ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо пеш меояд. Тағйиру иловаҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба пешрафти мафкураи ҳуқуқии мардуми мо мусоидат кард ва дар ҳаёти сиёсӣ мардуми мо хеле фаъол шуданд.
Маҳз бо шарофати амалӣ шудани Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар вилояти Хатлон низ тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳазорон нафар соҳиби ҷойи кор шуданд, вазъи иҷтимоии аҳолӣ беҳбуд ёфт, садҳо иншооти гуногун ва корхонаҳои хурду бузург имконияти ҳуқуқӣ пайдо намуданд, ки таъсис ёбанд ё шакли моликияти худро дигар созанд ва ба манфиати халқ ва ҷомеа хизмат намоянд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли мавҷудияташ барои қавию ғанӣ гардонидани пояҳои давлату давлатдорӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат карда, бовар дорам, ки ин ҳуҷҷати муҳиму тақдирсоз солҳои тӯлонӣ барои рушди ҷомеаи Тоҷикистон, оромиву осоиши ҳар як сокини кишвар хизмат хоҳад карда, симои сиёсӣ ва обрую эътибори Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир муаррифӣ менамояд.
Бо ҳамин нияти нек, бори дигар тамоми сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, орзуи онро дорам, ки дар хонадони ҳар як тоҷикистонӣ сулҳу субот, хушҳолӣ ва саодати рӯзгор пайваста пойдор бошад.
Хонаободу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!