ҲИЗБИЁН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲО ДАР НБО-И «РОҒУН» ОГОҲ ГАРДИДАНД

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, таҳти №2 аз 31 июли соли 2023 «Дар бораи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун сарпарасти маънавии НБО-и «Роғун» бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дирӯз ҳизбиён ва фаъолони вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи иншооти азими аср ба Неругоҳи барқи оби Роғун сафарбар гардиданд.
Дар ин сафар 125 нафар, аз ҷумла намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раисон ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорони ҲХДТ, олимон, аҳли адабу ҳунар шомил гардида, аз мавзеъҳои иншооти НБО-и “Роғун” дидан карданд.
Ин ҳайатро Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Ҷамшед Саидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки сафари ҳизбиён, фаъолони вилояти Хатлон, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ба корзори НБО-и “Роғун” ва дидору суҳбатҳо бо коргарону бунёдгарони ин иншооти азими аср дар тарбияи маънавии ҷомеа дар руҳияи саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ва баланд бардоштани руҳияи коргарони он нақши муассир хоҳад дошт. Бинобар ин, чун анъанаи қадрдонӣ аз заҳмати содиқонаву фаъолияти назарраси кормандону хизматчиёни соҳаҳои гуногун сафари фаъолони ҷомеа ба Неругоҳи барқии обии “Роғун” ба ҳукми анъана даромадааст.
Бо супориши бевоситаи раиси вилояти Халон Давлаталӣ Саид як миқдор маҳсулоти хӯрокворӣ ба сохтмончиён расонида шуд.
Баъди шиносоӣ аз корҳои созандагӣ дар НБО-и “Роғун” чорабинии тафреҳӣ баргузор шуда, кормандони Раёсати фарҳанги вилоят бо дастагули шеъру суруд табъи сохтмончиёнро болида гардониданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles