ВОХӮРӢ. ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

Имрӯз, 1 ноябр дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии Қурбонзода Манучеҳр Мусо, намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо кормандони шуъбаҳои вилоятӣ вобаста ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.
Қурбонзода Манучеҳр Мусо, намояндаи Раёсати Агентӣ дар бораи даст задан ба амалҳои коррупсионидошта ва оқибатҳои ногувори он суханронӣ намуда, афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳоашон таъкид дошта буданд, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаъҷамъона мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки баҳри мубориза бар зиддин ин падидаи номатлуби рӯз дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузоранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ кормандони кормандони шуъбаҳои вилоятӣ оид ба таҳким бахшидани муқовимат бо коррупсия ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ андешаҳову пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles