30 октябр ҷаласаи роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Орифзода Муҳаммад Қурбон бо сардорони раёсат, шуъбаҳои дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ баргузор гардид.
Ҷаласа бо супориши бевоситаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид гузаронида шуда, масъалаҳои ҳалталабе, ки дар фаъолияти кории кормандон вуҷуд дорад, мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки барои ҷойҳои кории холӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд шахсони арзанда дарёфт ва интихоб гарданд. Инчунин иҷроиши дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон, Барномаҳои соҳавӣ, қарорҳои раиси вилоят, нишондиҳандаҳои соҳа барои ҷамъбасти солона ва саривақт пешниҳоди онҳо ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз масъалаҳои муҳими ҷаласа буд.
Орифзода Муҳаммад Қурбон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят супориш доданд, ки дар масъалаи корҳои ободонӣ, кабудизоркунии ҳудуди ташкилоту корхонаҳои худ корҳои назаррасе ба сомон расонида шавад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон