Имрӯз, 28 октябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Эмомалӣ Раҳмони ноҳияи Панҷ иштирок карданд.
Хоҷагии мазкур аз замин самаранок истифода бурда, аз ҳар як ваҷаби он ҳосил ба даст меоварад.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дорои 1373 га замин буда, аз ин миқдор 300 гектарашро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳад. Хоҷагӣ дар 700 га навъҳои пахтаи “Лодос”, “Хатлон 2014”, “Тоҷикистон” кишт карда, ҳоло 100 тонна тухмӣ захира кардааст ва 436 нафар саҳмдор дорад.
Раиси вилоят бо хоҷагидор ва деҳқонон суҳбат намуда, аз фаъолияти хоҷагӣ огоҳ гардиданд.
Инчунин ба пахтачинони фаъол туҳфаҳои раиси вилоят супорида шуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон