Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ситоди вилоятӣ оид ба таъмини иҷрои Нақша-супориши обуна ба матбуоти даврӣ барои соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ баргузор гардид.
Фирӯза Шарифӣ, раиси ситод, муовини раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ зикр карданд, ки маъракаи обуна дар вилоят 63,8 фоиз иҷро шудааст ва бояд дар ин самт корро ҷиддӣ ба роҳ монем.
Таъкид гардид, ки устод Садриддин Айнӣ фармудааст: “Қавме (миллат), ки рӯзнома надорад – забон надорад”. Бузургон рӯзномаро шиносномаи миллат низ номидаанд. Агар шиносномаи шахсӣ шахсияти моро муаррифӣ намояд, пас рӯзнома дар кишвар ва берун аз марзи он миллати моро, забони модарӣ, урфу одат, фарҳангу адабиёти моро ба ҳамагон ошно месозад.
Ба Мирзоев С., директори корхонаи фаръии КВД «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон ва намояндагиашон дар шаҳру ноҳияҳо ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки баҳри дастгирии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бетарафӣ накарда, барои нишон додани дастовардҳои замони истиқлол бо ВАО ҳамкорӣ намоянд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон