Дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сарбозону афсарони отряди сарҳадии “Боғ” боздид ва вохӯрӣ анҷом дода, аз будубош ва шароити хизмати онҳо шинос гардид.
Инчунин, хатти барқи дидбонгоҳи сарҳадии “Боғ”, ки дар масофаи 11,5 километр бунёд шуда буд, ифтитоҳ намуд.
Ба наваскарон суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба хизмати содиқона ба ватану миллат ва зиракӣ даъват намуданд.
Зикр гардид, ки маҳз хизмати софдилона ва шабонарӯзии марзбонони мо ҳаст, ки сулҳу субот дар кишвар ҳукмфармо мебошад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон