Имрӯз, 26 октябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ аз Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дидан карда, аз парваришгоҳи бузи кӯҳии пармашох, парваришгоҳи гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, боғи навбунёди анор ва дигар мавзеъҳои парваришгоҳ боздид ба амал оварданд ва дарахти ҳамешасабз — арча шинониданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Дашти Ҷум” бо қарори Шурои РСС Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1983, таҳти №273 бо мақсади ҳифзу нигоҳдорӣ ва афзунгардонии саршумори намудҳои нодир ва дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи олами ҳайвонот ташкил карда шудааст.
Масоҳати мамнуъгоҳ 19700 га буда, дар қисмати ҷанубу шарқии Тоҷикистон дар доманакӯҳи Ҳазрати Шоҳ дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташкил карда шудааст.
Дар мамнуъгоҳ зиёда аз 850 намуди набототи гуногун мавҷуд буда, аз онҳо 100 намудашон растаниҳои эндоникӣ (маҳаллӣ) мебошад.
Ҳамчунин, 5 синфи ҳавоноти сутунмуҳрадор мавҷуданд, ки ба 22 қатор ва 233 намуд ҷудо мешаванд. Аз ин миқдор, ба синфи ширхӯрон 52 намуд ва ба синфи парандагон 139 намуд, ба хазандагон 18 намуд ва ба синфи моҳиён 5 намуд дохил мешаванд.
Бояд ёдовар шуд, ки аз ин намудҳои номбурда ба китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 намуди ҳавоноти мамнуъгоҳ дохил карда шудааст.
Олами ҳайвоноти бесутунмуҳра (ҳашаротҳо) бошанд, зиёда аз 3000 намудро дар бар мегирад.
Солҳои охир дар ҳудуди мамнуъгоҳ 2 парваришгоҳ барои нигоҳубин ва парвариши бузи пармашох ва гусфанди куҳӣ (уриял) ва парваришгоҳи анори бедона кушода шудааст.
Қобили қайд аст, ки раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни боздид ба масъулон ва кормандони иншооти мазкур оид ба фаъолияти минбаъда муваффақият хоста, барои боз ҳам тақвият додани корҳои минбаъда дастуру супоришҳо доданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон