Субҳи 26 октябри соли равон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рафтанд.
Раиси вилоятро Гулзода Зафар, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамроҳӣ намуданд. Нахуст, раиси вилоят аз будубоши тарбиятгирандагони мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим боздид ба амал оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки мактаб – интернати мазкур соли 1959 таъсис ёфта, то инҷониб фаъолият дорад ва дар соли нави таҳсили имсола 130 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки аз инҳо 113 нафар писар ва 17 нафарашон духтарон мебошад.
Муассисаи мазкур аз рӯзи таъсисёбӣ то ба имрӯз як қатор мутахасисони болаёқат, ба мисли докторони илмҳои филология, профессорон Аламхон Кучаров, Муродалӣ Набиев, Сайдаҳтам Юнусов, Сайидалам Юнусов, Маҳмуд Абдуллоев, Хоҷаев Ҳақназар, Атоев Саид, Давламанд Холов, Ҷумъахон Сафаров, Шермуҳҳаммади Шоҳиён, Ҳамидов Абдурозиқ, Завқиев Солеҳҷон, генерал — майор Амакиев Рустам, Пайрави Сулаймон, Наимов Хисрав, Наимов Парвиз, Иброҳимзода Дурандеш, Ҷамшед Олимов, Сафаралӣ Одинаев, Муҳаммади Амакӣ ва дигаронро тарбия намуда, ба камол расонидааст, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият доранд.
Тибқи маълумот бо дастгирию кумакҳои раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ин ҷо як утоқи замонавии дӯзандагӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон барои духтарон ва ҳаммоми нави замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Раиси вилояти Хатлон бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, аз таҳсилу фаъолияти онҳо огоҳ гардиданд. Ба аҳли маорифчиён супориш доданд, ки барои беҳтар шудани сифати таълиму тарбия мунтазам кӯшиш намоянд.
Ҳамчунин ба масъулини ноҳия супориш доданд, ки вобаста ба зимистонгузаронӣ омодагии ҷиддӣ бубинанд.
Сипас, раиси вилоят баъди суҳбату вохӯрӣ ба тарбиятгирандагон туҳфаҳо ва сарулибоси мактабӣ супориданд, ки аз ин иқдом хонандагон шоду масрур гаштанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон