НАХУСТФЕСТИВАЛИ ДОНИШ ВА НАВОВАРӢ БАРОИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи миллии соҳибкорон ва Рӯзи
байналмилалии занони деҳот Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот баргузор гардид.
Дар фестивал раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбарияти вилоят, муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ, муовини роҳбари намояндагии USAID Кевин Дин, директори Барномаи GIZ дар Тоҷикистон Вулф Хенрик Горетски, сарнамояндаи Дафтари JICA дар Тоҷикистон Имаи Суджи, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Олег Гуҷгелдиеа, роҳбари шуъбаи идоракунии лоиҳа дар Тоҷикистон (ADB) Родора Консепсион ва 841 нафар занону бонувон аз шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳо, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Дар саҳни Кохи фарҳанг ширкату корхонаҳо ва соҳибкороне, ки бо лоиҳаҳои дар вилояти Хатлон фаъолиятдошта ҳамкорӣ доранд, маҳсулотҳои истеҳсолии худро пешкаши меҳмонон ва иштирокчиёни намоишгоҳ гардониданд. Ташкилотҳои хурди қарзии вилоят низ дар намоишгоҳ хизматрасониҳои худро пешниҳод карданд.
Нахуст Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуда, тамоми занону бонувони вилоятро ба ин рӯз табрик намуд. Аз ҷумла, гуфтанд: “Саҳми занон дар соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон арзанда буда, шумораи саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба 162 000 нафар мерасад, ки 11 446 нафарашон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят назаррас буда, дар соҳаи кишоварзӣ 162 034 нафар ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 11 446 нафар мебошанд.”
Зикр гардид, ки шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз ҳамагӣ 23 540 нафар буда, аз инҳо 2654 нафар бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 1160 нафар бо шаҳодатнома дар низоми махсус, 7445 нафар бо патент, 835 нафар бо роҳбари шахсони ҳуқуқӣ, 11 446 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ инфиродӣ фаъолият менамоянд.
Сипас намояндагони ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон низ суханронӣ намуда, аз ҳамкориҳои судманд изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар қисмати охир 21 нафар занон ғолиби озмуни гранти раиси вилояти Хатлон гардиданд ва дар маҷмуъ бо маблағи 250 000 сомонӣ дастгирӣ ёфтанд.
Бояд зикр намуд, ки бо мақсади дастгирии ташаббуси таъсиси грантҳои Президентӣ дар вилоят қарори раиси вилоят аз 26-уми феврали соли 2021, № 47 “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расида, 21 грант дар ҳаҷми 250 000 сомонӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола ба бонувони соҳибкор пешниҳод карда мешавад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles