ДАВЛАТАЛӢ САИД: “ДАР НАЗДИКТАРИН МУҲЛАТ БОЯД КАМБУДИҲО БАРТАРАФ ШАВАНД!”
Имрӯз, 23 октябр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинон, роҳбари дастгоҳ, раиси шаҳри Бохтар ва масъулини Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар иштирок доштанд.
Баррасии вазъи хизматрасониҳои коммуналӣ ва тозагиву ободонӣ дар маркази маъмурии вилоят аз ҷумлаи масъалаҳои асосии ҷаласаи мазкур буд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба вазъи партовгоҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва баровардани партовобҳои истеъмолкунандагон, истифодабарӣ ва таъмини хизматрасонии иншоотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, тозагии санитарӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ дар шаҳри Бохтар изҳори назар намуда, фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бохтарро дар ин самт ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Ба таъкиди раиси вилоят, масъулони шаҳрдорӣ ва ниҳодҳои дахлдор ҳифзи муҳити атрофро бо мақсади муҳофизати ҳаёт ва саломатии инсон таъмин намоянд, талаботи қонунгузории санитарӣ ва ҳифзи табиатро таъмин намуда, вайронкунандагони ин талаботро ба ҷавобгарӣ кашанд, назорати давлатиро оид ба риоя намудани қоидаҳои муқарраршудаи санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ ва бехатарии экологӣ ҳангоми муомилот бо партовҳо тақвият бахшанд.
— Дар баробари ин, масъулони бахши идеологӣ дар миёни аҳолӣ меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳо шарҳу тафсир дода, онҳоро ба риояи маданияти шаҳрнишинӣ даъват кунанд, — қайд кард Давлаталӣ Саид.
Пас аз пурсишу масъалагузорӣ дар назди роҳбарони ниҳодҳои дахлдори вилоятӣ ва шаҳри Бохтар, раиси вилоят Давлаталӣ Саид инчунин вобаста беҳтар кардани таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, тақвият додани корҳои ободонӣ ва гулу дарахтшинонӣ дастурҳо доданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон