ФАРХОР. ИФТИТОҲИ 14 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ДАР ҲУДУДИ МТМУ №28

Имрӯз дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим ва раиси ноҳия синфхонаҳои иловагӣ дар ҳудуди МТМУ №28 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Сохтмони 14 адад синфхонаҳои иловагӣ дар ҳудуди МТМУ №28 барои 320 нафар хонанда, воқеъ дар деҳаи Бобосафоли ҷамоати деҳоти Гулшан дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи лоиҳа иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 адад синфхонаҳо барои 320 ҷойи нишаст дар як баст, толори варзишӣ, китобхона, ошхона ва синфхонаҳои фаннӣ мебошад.
Фармоишгари сохтмон Филиали сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, лоиҳакаш КФ КВД “Лоиҳакаш” дар ноҳияи Темурмалик ва пудратчӣ ҶДММ «Болҳои Сафед» буда, бо маблағи 6 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Раиси вилояти Хатлон бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуданд, ки бо хониши хубу фаъолияти назаррас саҳми худро дар ободии диёр гузоранд.
Ҳамчунин маорифчиён аз чунин туҳфаи зебо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбият менамоянд.
Шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles