КОНФРОНС: “ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР БАҚОИ САРНАВИШТИ ТОҶИКОН ДАР ШАРОИТИ НАВИ ТАЪРИХ”

Имрӯз дар толори Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар конфронси вилоятӣ таҳти унвони “Давлатдории миллӣ ва нақши он дар бақои сарнавишти тоҷикон дар шароити нави таърих” баргузор гардид.
Дар конфронс муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин Қудрат, коршиноси масоили байналмилалӣ, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, аҳли зиё ва донишҷӯёну омӯзгорон ширкат варзиданд.
Нахуст муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин Қудрат суханронӣ намуда, афзуд, ки боиси хушбахтӣ ва сарфарозии миллати тамаддунофари тоҷик аст, ки 32 сол муқаддам дар диёри бостонии мо рӯйдоди таърихие ба вуқуъ пайваст, ки онро ном Истиқлол аст.
Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ дастоварди нодири таърихӣ буда, ба халқу мамлакати мо қувваи тавоно бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард.
Сипас коршиноси масоили байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи “Давлатдории миллӣ ва нақши он дар бақои сарнавишти тоҷикон дар шароити нави таърих” суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар ҷаҳон 7500 миллат аст, аммо ҳамагӣ 2%-и миллатҳо соҳибдавлатанд ва мо хушбахттарин миллатем, ки имрӯз соҳиби давлатему ифтихор аз он дорем.
Баъдан конфронс кори худро ба анҷом расонид.

Related Articles