НИШОНДИҲАНДАИ РУШДИ МИНТАҚАВӢ 8,2% АФЗОИШ ЁФТААСТ

Имрӯз, 10 октябр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2023 баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ иштирок доштанд.
Маҷлисро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён гардидаанд ва дигар қарору супоришҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят равона шуд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ва бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда дар вилоят шароит муҳайё гардид, ки нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст карда шаванд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид афзуд, ки сарфи назар аз вазъи душвори иқтисодӣ, дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати ғанисозӣ ва ҷамъоварии андозҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ гардид, ки барои таъмини қисми даромади буҷет мусоидат намуд.
Дар ҷаласа ҳисоботи муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода оид ба нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ шунида шуд. Зикр шуд, ки дар 9 моҳи соли 2023 нишондиҳандаи кутоҳмуҳлати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 23 миллиарду 655,9 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз афзоиш ёфта, дар маҷмуи нишондиҳандаҳои кутоҳмуҳлати рушди иқтисодӣ 26,3%-и ҳиссаи ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Дар ин давра нақшаи андоз бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,6% таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 745,2 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбати нақшаи тасдиқгардида 60,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Қайд гардид, ки саҳми шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ, Балҷувон, Данғара, Дӯстӣ, Шаҳритус ва Восеъ дар иҷрои нақшаи андозҳо чашмрас буда, масъулини ин шаҳру ноҳияҳо нақшаи қисми даромади буҷетро сари вақт таъмин ва маблағҳои барзиёдии буҷетро барои хуррамгардонию боз ҳам зебо гардидани симои шаҳраку деҳаҳо, сохтмону таҷдиди роҳҳо, чароғонкунӣ ва дигар ободкориҳо равона карданд.
А. Сулаймонзода дар идома афзуд, ки дар вилоят соҳибкорӣ рушд ёфта, ба ҳолати 1 октябри соли 2023 шумораи соҳибкорон ба 107998 нафар расида, аз ҳисоби патенту шаҳоддатномаҳо ба буҷети шаҳру ноҳияҳо 81,5 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
— Дар самти сармоягузорию соҳибкорӣ мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолони вилоят ва дастуру супоришҳои баёндоштаашон ба тақвиятёбии нишондиҳандаҳо ва рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд, — гуфт муовини раиси вилоят. — Дар ин давра ба вилоят 50,1 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 45,6 миллион доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, ба қаламрави вилоят беш аз 1,5 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 1,4 миллиард доллари он сармояи мустақими хориҷӣ мебошад. Ба вилояти Хатлон аз 28 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба давлатҳои Россия (40,1%), Чин (38,1%), Эрон (18,1%) рост меояд.
Ҳамзамон, дар вилоят 44 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда ба 838,3 миллион доллари амрикоӣ баробар мебошад. Ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ҳамкорӣ бо доираи соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ тақвият ёфта истодааст.
Дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоят Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2025 мавриди амал қарор дошта, иҷрои лоиҳаҳои дар онҳо пешбинишуда ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо мусоидат менамояд. Дар давоми соли гузашта Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2021-2025-ум 46 фоиз таъмин гарида, дар давраи амалишавии барномаи мазкур 140 лоиҳа ба маблағи 3,9 миллиард сомонӣ бо пуррагӣ иҷро гардида, дар 91 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд.
Ғайр аз ин, дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят амалишавии барномаҳои рушд идома дошта, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Темурмалик, Муъминобод, Восеъ, Ёвон, Ҳамадонӣ, Хуросон ва Шаҳритус амалишавии барномаҳо назаррас мебошанд.
Дар ҳисобот зикр гардид, ки гардиши савдои хориҷии вилоят ба 365,6 миллион доллари амрикоӣ баробар шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба қадри 10,9 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Бонкҳо ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм ба андозаи 756,1 миллион сомонӣ зиёд маблағҳои қарзӣ ҷудо кардаанд. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои додашуда ба 2 миллиарду 909,7 миллион сомонӣ баробар аст.
Дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ гардиши савдо ба 9 миллиарду 843,6 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 1 миллиарду 916 миллион сомонӣ баробар гардида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 1,8 миллиард сомонӣ ва 191 миллион сомонӣ мебошад.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давоми 9 моҳи соли равон 43883,5 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 ҳазор ҷойи корӣ зиёд буда, 5380 адади он аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва 38504 ҷой аз ҳисоби шахсони воқеӣ ташкил ёфтааст.
Дар соҳаҳои истеҳсолӣ қарздорӣ аз музди меҳнат нисбат ба аввали соли 2023-юм 564,5 ҳазор сомонӣ кам гардида, ба 1 сентябри соли равон 68 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Қарзи музди меҳнат ба муассисаҳои филиали “Телеком” ва Корхонаи фаръии давлатии истеҳсолии “Таъмиру истифодабарии манзилгоҳҳои шаҳри Бохтар” мансуб аст.
Дар вилояти Хатлон соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Маврид ба зикр аст, ки таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалигардонии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла тақвиятёбии истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, технологияҳои муосири кишту парвариши зироатҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифату баландҳосили репродуксионӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ватанӣ ва дар маҷмуъ, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ такони ҷиддӣ бахшида, афзоиш ва суръати рушди нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ таъмин гардида истодааст.
Муовини раиси вилоят гуфт, ки фаъолияти масъулони соҳа ва кишоварзони Хатлонзамин, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани боздеҳи замин, яъне гирифтани ду-се ҳосил аз як қитъаи замин, афзоиш додани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ равона гардидааст.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахш ва истифодаи мақсадноки замин, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 25 миллиарду 48 миллион сомонӣ расонида шуд. Афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 19 миллиону 601 ҳазор сомонӣ (105%)-ро ташкил медиҳад.
Соли ҷорӣ дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 350391 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 137027 гектар ғалладонагӣ якҷоя бо тирамоҳӣ, 132568 гектар зироатҳои техникӣ, аз ин 123251 гектар пахта, 5778 гектар картошка, 21195 гектар сабзавот, 13296 гектар полезӣ ва 15690 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шуда, дурнамои кишти ғалладонагиҳо 114 фоиз, сабзавот 103 фоиз, картошка 72 фоиз, полезӣ 111 фоиз, зироатҳои техникӣ 100 фоиз, аз ҷумла пахта 100 фоиз, зироатҳои хӯроки чорво 156 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмуъ 1845 гектар зиёд мебошад.
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ дар майдони 22054 гектар, аз ҷумла 11616 гектар байни боғу токзорҳо, 5717 гектар чарогоҳ, 2109 гектар заминҳои партов ва 2612 гектар заминҳои зери сохтмони мелиоративӣ қарордошта кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ гузаронида шуд, ки ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ мусоидат намуд.
Пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, кишоварзони вилоят дар майдони 123251 гектар кишти пахта гузаронида, дурнамои кишти онро 100 фоиз таъмин намуданд. 9500 гектари онро бо истифода аз технологияи муосир, яъне зери плёнка кишт кардаанд, ки ҷиҳати баланд гардидани ҳосилнокӣ мусоидат намуд. Аз майдони киштшуда ба ҳолати 8 октябри соли ҷорӣ 134051,6 тонна ҳосили “тиллои сафед” ҷамъоварӣ гардид.
Дар асоси маълумоти оморӣ, аз ҳудуди вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 7576,0 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 5749 тонна таввасути нақлиёт, ҳавопаймо, 1914 тонна тариқи роҳи оҳан ба берун аз ҷумҳурӣ, асосан ба Федератсияи Россия, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Белорус содирот карда шудааст. Ба хориҷи кишвар асосан 2143,5 тонна сабзавот, аз ҷумла 1956,3 тонна пиёз, 718,5 тонна полезиҳо, 2900,8 тонна мевагиҳо, лимон, 1555 тонна ангур ва 113 тонна дигар маҳсулот содирот шудааст.
Ғайр аз ин, тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 64935 тонна маҳсулоти кишоварзии Хатлон содирот карда шуда, дар маҷмуъ 72511 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар доираи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир карда шуда, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 315 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 адад зиёд мебошад. Ба ин хоҷагиҳо ба масоҳати умумии 2339,5 гектар кӯлу ҳавзҳо вобаста гардида, ба ҳолати 1 октябри соли равон ба миқдори 1835,6 тонна моҳӣ истеҳсол шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 301,4 тонна зиёд мебошад.
Айни ҳол дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ 2 миллиону 724,7 ҳазор дона моҳича парвариш гардида истодааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 561,9 ҳазор донна зиёд буда, ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли моҳӣ мусоидат менамояд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли 2023 кормандони Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилоят ба хотири пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ба бозорҳо ва касалиҳои гуногун 156014 намуна ба маблағи 315005 сомонӣ барои гузаронидани ташхис гирифтанд. Бо сабаби ба талаботи байторию санитарӣ мувофиқ набудан 103,3 тонна равған, гӯшт, шир, маҳсулоти хушк, шӯр ва 15 ҳазор дона тухм аз фурӯш боздошта шуда, безарар гардонида шуд.
Барои пешгирии вабои сумдард, сиёҳрон, гӯл, брадзоти чорвои калони хурди шохдор ва тоуни паранда миқдори зарурии чорво ва паранда эм гузаронида шуд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ вобаста ба дастовардҳои соҳаи саноати вилояти Хатлон қайд гардид, ки саноатчиёни вилоят бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар 9 моҳи соли равон ба маблағи 7 миллиарду 983,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 694,6 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро бо дарназардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 9 фоиз таъмин намуданд.
Давоми соли равон баистифодадиҳии 144 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ба нақша гирифта шуда, 107 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 610 ҷойи корӣ дар самти истеҳсоли гӯшти мурғ, маҳсулоти гӯштӣ, мусалласи ангур, макаронбарорӣ, маҳсулоти нониву қаннодӣ, маҳсулоти пластикӣ, филизӣ, хишти пухта, хишти роҳрав ва хишти қирӣ (сементӣ), собуни хоҷагӣ, моеъи зарфшӯӣ, симтӯр, коркарди пахта, мебелбарорӣ ба истифода дода шудааст.
Илова ба ин, бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон бо барқароркунии корхонаи азотии шаҳри Левакант 764 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.
Корхонаҳои хӯроквории шаҳру ноҳияҳои вилоят якҷо бо бахши хусусӣ соли равон ба маблағи 1 миллиарду 159,4 миллион сомонӣ, баробар ба 114,7 фоизи ҳамин давраи соли гузашта, маҳсулот истеҳсол карда, суръати афзоишро ба маблағи 148,4 миллион сомонӣ таъмин кардаанд.
Мувофиқи омори расмӣ, дар ин давра корхонаҳои нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва чарму пойафзоли вилоят ба маблағи 1 миллиарду 455,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Дар давоми 9 моҳи сипаришуда ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи вилоят 2094,4 миллион кВт/соат неруи барқи фоиданок, ба маблағи умумии 610,9 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба аҳолӣ 228,4 миллион сомонӣ дастрас шуда, ҷамъоварии он мутаносибан 97,8 ва 89,8-фоизӣ таъмин гардидааст.
Раиси вилоят муњтарам Давлаталӣ Саид ба мақсад мувофиқ донист, ки масъулини соҳаҳои дахлдори вилоятӣ, раисон ва муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо ташкилоту идораҳо, корхонаҳои маҳаллӣ вобаста ба ислоҳи камбудиҳо дар соҳаи саноат тадбирҳои иловагӣ андешида, баҳри мусбат гардонидани нишондодҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки давоми соли таҳсили 2022-2023 дар маҷмӯъ 93 иншооти соҳаи маориф, иборат аз 656 синфхона барои 15773 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуда, айни замон сохтмони 315 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 55743 ҷойи нишаст идома дорад. Сохтмони 4 муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, М.С.А.Ҳамадонӣ, Восеъ ва Хуросон барои 696 тарбиятгиранда идома дорад.
Имрӯз теъдоди муассисаҳои томактабии ҳудуди вилоят ба 164 адад расида, дар онҳо 17854 нафар кӯдак ва дар 1320 маркази инкишофи кӯдак 52959 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар заминаи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм — фурӯғи маърифат” ва “»Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат” қарорҳои раиси вилоят тасдиқ гардида, барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ғолибону устодони онҳо дар даври вилоятӣ дар маҷмуъ 1 миллиону 434 ҳазору 500 сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 806 ҳазору 500 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар даври вилоятӣ 704 довталаб иштирок намуда, 115 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд ва 4 нафар соҳиби Шоҳҷоиза гардиданд.
Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 30 иншооти соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба маблағи зиёда аз 24 миллиону 641 ҳазору 670 сомонӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Соли 2023 сохтмони 81 иншооти тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 54 адади он дар доираи “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” ва берун аз Барномаи мазкур дар 31 адад иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар ҷаласа аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Далаталӣ Саид аз масъулони ниҳодҳои дахлдор ва раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳалталаб пурсишҳо сурат гирифта, ҳаллу фасли саривақтии онҳо тақозо гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зимни таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли 2023 зикр намуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ташкилот ва муассисаҳои вилоятӣ имконияту шароитҳои барои рушди бештар мавҷудданд.
— Боварӣ дорам, ки ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо истифода аз ин захираю имкониятҳо, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2023 иҷро намуда, дар фаъолияти соҳаҳо заминаи мусоид барои рушд фароҳам меоваранд, — афзуд С. Зиёзода.
Дар интиҳо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини нақшаҳои андоз, ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили пахта, истифодаи пурсамару оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, омодагии соҳаҳои хоҷагии халқ ба фасли сармои пешорӯ, ташвиқу тарғиб ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, сафарбарии ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва амалҳои ношоиста дар миёни наврасону ҷавонон, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, вусъат доддани корҳои ободониву созанддагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Related Articles