Ҳамдиёрони азиз!
Забон неъмати бебаҳо, рамзи давлатдорӣ, унсури муҳимми бақои миллат, падидаи фарҳанги миллӣ ва як бахши нигорандаи таърихи халқи мо мебошад. Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
Ҳамин аст, ки барои гиромидошти забони давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябрро ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон дошта, ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид намудаанд, ки яке аз дастовардҳои бузурги миллии халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Ба ин муносибати ин ҷашн, ки ҳар сол ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ва гиромидошти забони ширину шевои тоҷикӣ таҷлил мегардад, сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро самимона табрик мегӯям.
Ҳадафи ин ҷашн гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон, мусоидат ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ мебошад, зеро рушду инкишофи забони давлатӣ, қабл аз ҳама, аз амалӣ гардидани талаботи қонуни зикршуда вобаста аст.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне такомули он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд. Дар ин давра забони тоҷикӣ, ки мақоми забони давлатиро гирифт, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, барои рушд ва таҳкими он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми чораҳо андешида шуда истодааст.
Тавре ки мегӯянд, забон ва Истиқлоли ватани мо ба ҳам пайванди ногусастанӣ дорад, яъне маҳз Истиқлоли давлатӣ боиси таъмини истиқлолу шукуфоии забони мо гардидааст. Дар ҳамин давра забони тоҷикӣ дар бахтномаи миллат — Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид.
Осори арзишманди гузаштагонамон бо чандин анвои хат ба хубӣ собит намуданд, ки дар тӯли таърихи дурударози халқамон забони мо дар ҳастӣ ва шинохти миллати фарҳангдӯст ва тамаддунсозамон нақши сарнавиштсоз доштааст, ки мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рӯйи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем, чунки ниёгонамон ин забони нобро то ба рӯзгори мо бо як ифтихору хештаншиносӣ маҳфуз доштаанд.
Дар давраҳои гуногуну гардишҳои пуршебуфарози таърихӣ чеҳраҳои мондагори миллат осори арзишмандашонро бо чандин навъи навиштор пешкаш намуда, ба сареҳият собит сохтанд, ки аз рӯзи пайдоиш то имрӯзи халқи тоҷик забони мо дар ҳастӣ, худшиносӣ ва муаррифии миллати фарҳангдӯст ва тамаддунсозамон нақши сарнавиштсоз доштааст.
Маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи нав ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи забон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, он ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо кард. Интишори китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз дарбар гирифтааст, бори дигар собит сохт, ки давлату Ҳукумат нисбат ба тақдири забони давлатӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, барои такомули минбаъдаи он тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ меандешанд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Бузургтарин вазифаи ҳар як фарди худогоҳи кишвар нигаҳдориву арҷгузорӣ ба ин мероси гаронбаҳо ва ба наслҳои оянда поку беолоиш расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад. Бинобар ин, мо бояд дар ёд дошта бошем, ки сарчашма ва пойдевори худогоҳиву худшиносӣ забони модарӣ аст ва маҳз забони миллӣ тафаккури миллиро ташаккул медиҳад. Яъне забони модарӣ барои мо – тоҷикон асоси ҳувияту худшиносии миллиамон мебошад”.
Ин таъкидҳои Пешвои муаззами миллат моро водор менамояд, ки нисбат ба нигаҳдошт ва рушду такомули забону мероси фарҳангии худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ба ояндагон бо тамоми назокату фасоҳаташ ба мерос гузоштани онҳо саҳмгузор бошем. Ҳамчунин, барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшиш намоем, забондонии хешро пайваста сайқал диҳем, онро чун гавҳараки чашм пос дорем, забони тавоно ва шеворо дар замони ҷаҳонишавӣ ва густариши равобити миллатҳо ва тамаддунҳо тавонотару шевотар гардонем, онро барои наслҳои оянда бо ҳама зебоиву тавоноиаш ба мерос гузорем.
Мо бояд донистани забони миллиро далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш дониста, дар баробари Модар ва Ватан яке аз муқаддасоти олӣ эътироф намуда, ин андешаро бо як ифтихори бузург аз миллати соҳибтамаддуни хеш дар зеҳни наслҳо парвариш намоем. Аминам, ки бо чунин муносибат мо метавонем дар ҷодаи тарбияи наслҳои ояндасози халқамон дар руҳияи муҳаббат ба Ватан, истиқлол, забони миллӣ ва дигар муқаддасоти миллат муваффақ шавем.
Бо чунин нияти хайр, бори дигар мардуми шарифи вилояти Хатлон ва ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти кишварро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба кулли соҳибзабонон дар ҳимоя ва рушди забони миллӣ азми қавӣ, иродаи устувор ва барори кор орзу менамоям.
Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамватанони арҷманд!
Навид
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 16.01.2024
- Latest Update: 25.05.2024 21:11
- 295
- Less than a minute
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
You can share this post!