Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Кӯшониён Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Абдусолеҳ” ва «Ҳоҷидавлат» шинос гардиданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагӣ дорои як гектар замини корами обӣ буда, дар он гармхонаи доимамалкунанда бунёд намудаанд.
Хоҷагидорон дар кишти аввал кишту парвариши бодирингро ба роҳ монда, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникаи парвариш тавонистанд 370 сентнер ҳосили хушсифати ин намуди сабзавотро ба даст биёранд.
Ҷамъоварии ҳосили фаровону хушсифати бодирингро аз моҳи март шуру намуда, то моҳи июн дар баробари бозорҳои ноҳия ҳамзамон дар фаровонии бозори дигар минтақаҳои мамлакат низ ҳиссагузорӣ кардаанд.
Дар кишти такрорӣ бошад, хоҷагидорон кишту парвариши помидори навъи «Замира»-ро ба роҳ монда, алакай аз аввалҳои моҳи сентябр ба ҷамоварии ҳосили фарвону хушсифати он машғул мебошанд.
Тавре мушоҳида мегардад, натиҷаҳои заҳмати кишоварзон самараи дилхоҳ ба бор оварда ва ҳосили онро то охири сол ҷамъоварӣ карда ба бозор пешниҳод менамоянд. Онҳо парвариши зироатро дар гармхонаи доимамалкунанда бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда, ин шакли корро аз бисёр ҷиҳат барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳи меҳнатӣ муфид арзёбӣ менамоянд.
Зеро ин усул имкон медиҳад, ки дар баробари сарфаи об ҳамзамон коркарди байни қаторӣ низ кам карда шуда, инчунин ғизодиҳи низ тавассути он ба роҳ монда шавад.
Масоҳати хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷидавлат» бошад 3,3 гектаро ташкил намуда, дар он аз соли 2022 дар майдони 1,5 гектар гармхонаи доимамалкунанда бунёд карда шуда, дар он бо инобати талаботи бозор кишту парвариши сабзавоти гуногун ба хусус помидор ба роҳ монад шудааст.
Хоҷагидорон парвариши навъи тухмии ба иқлими минтақа мутобиқи Замираро ба роҳ монда, дар натиҷаи коркарди саривақтии агротехникаи парвариш тавонистанд ҳосили фаровону хушсифати онро ба даст оранд.
Ҳавасмандии деҳқонон ба кори хоҷагидори боис ба он гардидааст, ки онҳо сол аз сол фоидаи хуб ба даст оварда фаъолияти кории худро равнақ бахшанд.
Ба андешаи онҳо таҷдиди соҳа ва дар фаъолияти хоҷагидорӣ мустаъқилият пайдо намудани марди деҳқон имкониятҳои васеъро дар самти афзун гардонидани маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти гуногуни хоҷагии қишлоқ фароҳам овард.
Зеро хоҷагидорон дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа тавонистанд, ки тавассути таҷриба кардани роҳу усуслҳои пешқадаму манфиатовари соҳа ба натиҷаҳои хуб расида дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ, ҳамзамон содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанад.
Дар хоҷагии мазкур 7 саҳмдор фаъолият намуда, музди меҳнати миёнаи онҳо дар як моҳ 1500 сомониро ташкил намуда, илова бар ин ҳангоми корҳои агротехникӣ кормандони кироя ҷалб карда мешаванд.
Айни замон ҳосилнокии помидор хуб арзёби гардида, хоҷагидорон бовари доранд, ки то охири сол ҳосили онро ҷамоварӣ карда дар таъмини фарвонии бозори истеъмолӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳияи Кӯшониён сокинон, ки дар самти парваришу истеҳсоли сабзавоти барвақти таҷрибаи бой доранд, аз ин ҳисоб сол аз сол майдони гармхонаҳои мавсимию доимамалкунандаро васеъ намуда ба ин васила ҳаҷми истеҳсоли онро низ афзун менамоянд.
Ҳоло дар ҳудуди ноҳия майдони гармхонаҳои мавсими 192 гектар ва доимӣ бошад наздики шаш гектарро дар бар мегирад.
Дурнамои истеҳсоли сабзавот дар соли ҷорӣ 55 ҳазору 426 тонна мебошад, вале кишоварзон тавонистанд, ки то ба имрӯз беш аз 60 ҳазор тонна маҳсулоти тару тоза истеҳсол намоянд ва ин раванд идома дорад.
Сабзавоти истеҳсолкардани кишоварзони ноҳияи Кӯшонёин асосан, помидор, бодиринг, кабудиҳо, сабзӣ, карам, шалғам турб, қаланфури ширину тез, боимҷон ва ғайра буда дар ҳама фаслҳои сол пешниҳоди ҳамватанон гардонида мешавад.
Навид
Дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Абдусолеҳ” ва «Ҳоҷидавлат» шинос гардиданд.
- 16.01.2024
- Latest Update: 25.05.2024 21:11
- 315
- Less than a minute
Дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Абдусолеҳ” ва «Ҳоҷидавлат» шинос гардиданд.
You can share this post!