Ифтитоҳи меҳмонхонаи «Ватан» ва «Boshidan» дар шаҳри Бохтар.

Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар меҳмонхонаҳои «Ватан» ва «Boshidan» ба истифода супорида шуданд.
Ба Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят гуфта шуд, ки меҳмонхонаи «Ватан» дар масоҳати умумии бино 580 метри мураббаъ сохта шудааст. Бинои меҳмонхона ва маркази хизматрасонӣ аз 3 ошёна иборат мебошад. Иншооти мазкур дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмонии бинои мазкур аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ дар масоҳати 300м2 анҷом дода шудааст.
Мувофиқи лоиҳа дар ошёнаи якум ва тагхона мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрока ва таҷҳизотҳои маишӣ пешбиншудааст, ки ба мизоҷон хизмат расонида мешавад. Дар қисмати болои бино меҳмонхона бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст.
Бунёд шудани меҳмонхона бо ташкил намудани маркази савдо ва хизматрасонӣ дар ошёнаи якум ва тагхона зиёда аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Қомат афрохтани бинои меҳмонхона имкон фароҳам сохт, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд, бо хизматрасониҳои босифат дастрасӣ пайдо намоянд инчунин ба ҳусни шаҳри Бохтар зебоӣ зам гардад.
Меҳмонхонаи «Boshidan» дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмонии бинои мазкур аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ дар масоҳати 300м2 анҷом дода шудааст.
Масоҳати умумии бино 1080 метри мураббаро ташкил медиҳад. Бинои меҳмонхона аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум ҷои қабули меҳмонон, ошхона ва ҳуҷраҳои ёрирасони меҳмонхона сохта шудааст. Дар қисмати болои бино, дар ошёнаи 2-юм ва 3-юм меҳмонхонаҳо бо тарҳи замонавӣ сохта шудаанд.
Бунёд шудани меҳмонхона зиёда аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Қомат афрохтани бинои меҳмонхона имкон фароҳам сохт, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд, бо хизматрасониҳои босифат дастрасӣ пайдо намоянд, инчунин бинои мазкур ба ҳусни шаҳри Бохтар зебоӣ зам намудааст.

Related Articles