Субҳи имрӯз, дар саҳни комиcсарияти ҳарбии вилояти Хатлон маросими ботантанаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Хотирасон кардан ба маврид аст, ки ҳамасола дар қатори дигар ҷавонони шуҷои ватан, ҷавонони вилояти Хатлон низ бо сарбаландӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат мебанданд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар як ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад. Имрӯз аксари ҷавонони вилоят ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ баҳри иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ҳозир шудаанд. Ҷавонони имрӯза ба ҳамон аҳди анъанавии ҷавонмардонаи хеш содиқ монда, бо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат мегузаранд.
Нахуст даъватшавандагон аз саҳни комиcсарияти ҳарбии вилоят то майдони варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар даст шиору овезаҳои таранумгари сулҳу ободӣ, ҳифзи ватан бо рўҳияи болида роҳпаймоӣ намуданд.
Аз чеҳраҳои гарму самимӣ ва хандони наваскарон маълум буд, ки ҷавонони шуҷои ватан бо азми дил баҳри пойдории сулҳу оромӣ, итстиқлолу озодӣ равонаи хизмати Модар-Ватан мебошанд.
Ҳамчун рамзи эҳтиром ва садоқат ба ҷавонмардии наваскарон сокинони шарафманди шаҳри Бохтар хурду бузург бо қарсакҳои дар кучаҳои шаҳр наваскаронро руҳбаланд. менамуданд.
Баъди роҳпаймоии идона ва расидан ба варизишгоҳи ДДБ ба номи Носири Хусрав муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам аз номи раиси вилояти Хатлон ҳамаи даъватшавандагон, ҷавонони далеру матинирода ва шуҷоатманди Хатлон ки аввалин шуда барои адои хизмати ҳарбӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир гаштаанд, аҳсану офарин хонданд.
Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар Артиши миллӣ зина ба зина комил ва пуриқтидортар гардида, қобилияти ҳифозат, нигаҳдории кишвар ва оромии ҷамъиятро ба худ касб намуд. Сол аз сол шароити хизмат барои сарбозон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар гардида, инфрасохтори наву замонавӣ бо тамоми шароитҳои лозима сохта гардида истодаанд.
Дар идомаи ҳамоиши даъватшавандагон ҳамчунин як тан модари нав даъватшаванда аз шуҷоату қаҳрамонии навҷавонон ва ташабусу дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон изҳору сипосу миннадори кард.
Дар идомаи тантанаҳои рӯзи даъватшаванда як қатор сарбозони қисмҳои ҳарбии вилояти Хатлон доир ба хизматшаон дар сафари Қувваҳои мусаллаҳи кишвар андешарони доштанд.
Дар қисмати дигари чорабини ба хотири болидаруҳии наваскарон ҳунармандон ва сарояндаҳои машҳур вилоят бахшида ба “Рӯзи даъватшаванда” барномаи зебои театрикунонидашударо пешниҳоди аҳли ҳамоиш намуданд.
Сипас ҳамчун анъанаи миллӣ ба наваскарон супоридани рӯймолчаҳо ва маросими “нонгазон” аз ҷониби Модарону гулдухтарон сурат гирифт.
Навид
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР МАРКАЗИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
- 16.01.2024
- Latest Update: 25.05.2024 21:11
- 297
- Less than a minute
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР МАРКАЗИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
You can share this post!