Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон бо иштироки Қоҳир Расулзода ва Давлаталӣ Саид маросими ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии № 23 ва № 50 баргузор гардид. Бунёди ин таълимгоҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони 11 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №23 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон таҳти роҳбарии раиси махалла Саидов Абдуназар ва аҳолии деҳаи Навзамин ба анҷом расонида шудааст. Бинои таълимии мазкур аз 1 ошёнаи борат буда, дар майдони 720 м2 бунёд шудааст ва дар он тамоми шароити муосир барои кору фаъолияти омӯзгорон ва таълими хонандагон муҳайё мебошад. Маблағи умумии лоиҳаи бино 1449,925 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Ҳамзамон, сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии № 50 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хидиров Бобошер, аҳолии деҳаи Ҷавонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба охир расонида шудааст. Маблағи умумии лоиҳаи бино 911,240 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50 – и ноҳия тахминан соли 1982 сохта шудааст. Муассисаи мазкур дар деҳаи Ҷавонии деҳоти ба номи С. Айнии ноҳияи Хуросон ҷойгир аст. Дар ин муассисаи таълимӣ айни замон машғулиятҳо гузаронида истодаанд, вале норасоии синфхонаҳои таълимӣ ба назар мерасад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50 дар масофаи 16 км аз маркази ноҳия ҷойгир мебошад. Дар ин муассисаи таълимӣ 500 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Ғунҷоиши синфхонаҳо барои таълими дурусти хонандагон душвориро пеш меовард. Аз ин рӯ, сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар назди ин муассиса имконият медиҳад, ки мушкилоти норасоии синфхонаҳои иловагӣ аз байн рафта, хонандагон дар синфхонаҳои барҳавои тозаву озода ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Бо сохта ва истифода дода шудани синфхонаҳои иловагӣ, барои тараққӣ ёфтани ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи омӯзиш, маърифати хонандагон, кам кардани камбизоатӣ ва беҳтар гардонидани шароит барои омӯзгорон саҳми арзанда мегузорем.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Давлаталӣ Саид ифтитоҳи ин синфхонаҳои иловагиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, ба устодону шогирдони ин боргоҳи маърифат дар кори омӯзишу парвариш комёбӣ таманно карданд.
Навид
Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии № 23 ва № 50 баргузор гардид.
- 16.01.2024
- Latest Update: 25.05.2024 21:11
- 289
- Less than a minute
Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии № 23 ва № 50 баргузор гардид.
You can share this post!