Омӯзгорони гиромӣ, устодони арҷманд!
Ҳамасола иди касбии омӯзгорон дар рӯҳияи баланди инсонӯстӣ, ватандорӣ, ифтихор аз амалҳои созандагӣ ва ободкорӣ дар татбиқи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашнҳои фархундаи миллию давлатӣ ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ қайд карда мешавад.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш Шумо устодон ва аҳли илму маорифи вилоятро ба муносибати иди касбии омӯзгор табрику таҳният гуфта, ба шумоён пеш аз ҳама саломатӣ, саодату сарбаландӣ, зиндагии шоиста, навҷӯию тозакорӣ ва расидан ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, илмиву омӯзгорӣ ва эҷодӣ таманно намоям.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому нақши омӯзгорро дар ҷомеа баланд арзёбӣ намуда, таъкил менамоянд, ки «Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст.
Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод-омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад».
Воқеъан дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои бевоситаи Роҳбари давлат дар кишвар таваҷҷуҳ ба бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифтааст.
Тавассути сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлатамон музди маоши омӯзгорон давра ба давра зиёд мегардад. Аз ҷумла, аз санаи 1 июли соли равон дар ҳаҷми 20 фоиз зиёд гардидани маоши омӯзгорон боз як ғамхории навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати зиёиён маҳсуб меёбад.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони Истиқлолият барои рушди соҳаи маориф имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шуданд. Мо дарк менамоем, ки дастгирии соњаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки муаллимон дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои асосии пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза маҳсуб меёбад.
Зикр бояд кард, ки дар соњаи маорифи вилояти Хатлон баҳри расидан ба ин ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои вусъат бахшидани амалигардонии барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дониши хонандагон ҳамзамон, мустаҳкам кардани заминаҳои моддӣ — техникии муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот, амалигардонии имтиёзҳои муқарраршудаи омӯзгорони ҷавон, дастгирию ҳавасмандсозии омӯзгорони варзидаю эҷодкор ва хонандагони аълохон, корҳои муайянро ба анҷом расонида истодааст, ки натиҷаи дилхоҳ дода истодаанд.
Дар қатори ин амалҳои назаррас ҳамасола, дар мадди аввал ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ гардидани беҳтарин кормандони соҳаи маориф ва аҳли зиё дар вилоят, муқаррар гардидани квотаҳои Президентӣ ва бурсияҳои таҳсил барои илму касбомӯзии ҷавонони лаёқатманд, таъсиси Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф, стипендияҳои номии Президентӣ, раиси вилоят, аксар раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону сарпарастон, инчунин, аз ҷониби волидайн ва шахсони саховатпеша мунтазам дастгирӣ ёфтани омӯзгорони варзида, хонандагони аълохон ва ғолибони ҳаракатҳои олимпии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, деҳотӣ ва таълимгоҳӣ мебошанд, ки дар рушди маориф мақоми хеле калонро касб намудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пайваста дар андешаи беҳтар намудани рӯзгори муаллимон буда, баҳри рушди соҳаи маориф, беҳ гардидани кори мактабу омӯзгор тамоми чораҳои заруриро меандешад.
Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.
Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон пайваста боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фармудаанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Яъне, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд нақши асосӣ дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи миллат дар замони пурҳаводиси ҷаҳонишавӣ масъул аст.
Дар ин ҷода мо ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии омӯзгорон, майлу рағбати ба дониш, илм ва касбомӯзӣ доштаи шогирдон, таваҷҷӯҳу масъулиятшиносии падару модарон ва самимона ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, итминон дорем, ки ҷашнҳои дар пешистодаро кормандони соҳа бо навҷӯию тозакорӣ ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, илмӣ ва эҷодӣ истиқбол мегиранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек Шумо омӯзгорон ва устодони гиромиро бо иди касбиатон табрику таҳният гуфта, пеш аз ҳама саломатӣ, саодату сарбаландӣ, фазилатҳои неки илму адаб, дониш ва касбу ҳунаромӯзиро таманно менамоям.