Роҳи автомоблгарди Душанбе-Бохтар дар 2 марҳила дар масофаи беш аз 75-километр пурра таҷдиду навсози гардид.

Роҳи автомоблгарди Душанбе-Бохтар дар 2 марҳила дар масофаи беш аз 75-километр пурра таҷдиду навсози гардида, роҳи мазкур аз категорияи сеюм ба категорияи яки “Б” гузаронида шудааст. Ҳадафи татбиқи лоиҳа боз ҳам беҳтар кардани ҳамлу нақл ва таъмини бехтарии ҳаракат дар роҳ мебошад. 1 сентябри соли ҷорӣ марҳилаи 3-юм қитъаи роҳи автомобилгарди Қизиқалъа-Бохтар дар масофаи 9-ҳазору 200-метр баъди пурра навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ифтитоҳи қитъаи роҳи мазкур раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалии (Ҷайка) Акиҳико Танака ва роҳбарияти вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Таъкид шуд, ки марҳилаи 3-юми роҳ бо харҷи 31-милион долар маблағҳои гранти аз ҳисоби кумаки Ҳукумати Ҷопон тавасутии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалии (Ҷайка) таҷдиду навсози карда шуда дар ин масир 2-пул, 8 истгоҳ, 16-қубури обгузар, 9-ҳазору 500-метри мурабаъ роҳи пиёдагард сохт шуда, дар баробари насби аломатҳо ҳамзамон дар масофаи 4-километр шафати роҳ ба таври замонави чароғон карда шудааст.

 

Дар ҷараёни татбиқи лоиҳа 100-нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ 20-нафар мутахассисони ширкати сохтмони ва 50-адад техникаи пуриқтидори соҳави ба кор ҷалб гардида, барои кафолати бештари истифодабарии роҳ корҳо бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилали анҷом дода шудааст. Раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид иброз оштанд, ки роҳи автомобилгарди Душанбе –Бохтар дар доираи ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи марказӣ долонҳои 2,5 ва 6 ҳамчун роҳи байналмилали бунёд гардида, Ҷумҳурии Тоҷкистонро бо Ҷумҳуриҳои Туркманистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва бандарҳои баҳри пайваст намуда, дар ҳамлу нақли молу маҳсулоти минтақа саҳми бузург дорад. Дар арафаи таҷлил аз ҷашни 32-юмин солагарди истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани марҳилаи 3-юми роҳро ҳозирин дастоварди навбати дар самти татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раҳои аз бунбасти камуникатсионӣ ва туҳфаи арзишманд бахшида ба ин санаи таърихи арёби карданд.

Пас аз ифтитоҳи марҳилаи 3-юми роҳи автомобилгарди Душанбе –Бохтар қитъаи Қизилқалъа-Бохтар дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти раиси вилоят бо Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳи байналмилалии (Ҷайка) ва Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, тандурустӣ, инфрасохторӣ деҳот, кишоварзӣ, муҳоҷират, содироти молу маҳсулот, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар бахшҳо табодули афкор намуданд. Гуфта шуд, ки бо ташабуси сарони давлатҳои Тоҷикистону Ҷопон ва амали гаштани созишномаҳо оянда барои пешрафти вазъи иқтисодию иҷтимои ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии неку аҳолии мамлакат алалхусус вилоят ҳамкориҳо боз ҳам бештар хоҳад шуд. Баъди анҷоми мулоқоти судманд ҳайати меҳмонон ба ноҳияи Вахш сафар намуда бо мавзеъи таърихии Аҷинатеппа аз наздик шинос гардиданд. Ба ҳозирин маълумот дода шуд, ки масоҳати умумии ин мавзеъ беш аз 1-гектаро ташкил медиҳад ва он таърихи хеле қадима ва бою рангин низ дорад. Дар натиҷаи корҳои бостоншиносӣ аз мавзеъ бут ва дигар ашёҳо дарёфт гардидааст, ки он аз таърихи қадимаи ин сарзамин ва милати тоҷик дарак медиҳад.

 

Раиси вилояти Хатлон иброз доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатӣ иқдом гирифтааст, ки вобаста ба имкониятҳои мавҷуда оянда дар ин мавзеъ як осорхона барои нигоҳу бини ашёву лавозимот ва бозёфтҳои таърихии Аҷинатепаро бунёд намояд. Ҳайати меҳмонон баъди боздид аз ин мавзеъи таърихи ба хеш як ҷаҳон таасуроти нек бардошта, ба таърихи тулони ва бою рангини ин сарзамин ва миллати тамадунофари тоҷик шиносои паидо намуданд.

Related Articles