Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон як қатор иншоотҳои ҳаётан муҳим аз тарафи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати меҳмонон мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ҷумла Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 деҳаи Ғиҷовак, ҷамоати деҳоти Пушинг соли 1989 дар масоҳати 23418 м2, аз он ҷумла зери сохтмон 237б м2 барои 640 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуда буд. Муассиса аз ду толор ва ошхона иборат буда, масоҳати зали маҷлисгоҳ 150 м2 барои 120 ҷойи нишаст, масоҳати зали варзишӣ 200 м2 , масоҳати ошхонаи муассиса 250 м2 барои 60 ҷойи нишастро дар бар мегирад. Дар 33 сол муассисаи мазкур ягон маротиба аз таъмири асосӣ бароварда нашуда, болопӯши он бетонӣ буда, солҳои охир обгузарон шуда, дуюм ошёнаи муассиса дар натиҷаи боришоти зиёд корношоям гардида пурра таъмирталаб гардида буд. Ошхона, толори варзиши, маҷлисгоҳ ва шабакаи гармидиҳии муассиса даҳсолаҳо инҷониб фаъолият надошт.
Имсол бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманди деҳа муассисаи таълимӣ пурра аз таъмири асоси бароварда шуда мавриди истифода карор гирифт. Маблағи умумии таъмири асоси бино муассисаи мазкур зиёда аз 9,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Бояд қайд кард, ки муассисаи таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбини гардидааст.
Муассиса аз 25 синфхона, 4 кабинетҳои фаннӣ (компютер, физика, химия, биология), лабораторияҳо 4 адад, ҳуҷраи табиб, муҳосибот, бойгонӣ, маъмурият, утоқи сарпешоҳанг, хонаи омӯзгорон, толори фарҳангӣ бо 110 ҷойи нишаст, ошхона барои 48 ҷой иборат мебошанд.
Синфхонаи компютери бо 20 адад компютерҳо, кабинетҳои фанни бо 2 адад тахтаи электронӣ муҷаҳазгардонида шудаанд.
Дар саҳни муассиса майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, баскетбол омода карда шудааст.
Гармидиҳии муассисаи таълимии мазкур пурра барқарор карда шуда дар он буғхона бо назардошти технологияи ҳозиразамон, ки дар фасли зимистон имконияти тамоми ҳуҷраҳоро бо ангишт гарм нигоҳ медорад, насб карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки саҳни муассиса сафолакпуш ва гулу гулкорӣ карда шуда, ниҳолҳои ороишӣ, сояафкану мевадиҳанда шинонида шудааст. Ва дар мавсими тирамоҳи соли 2023 ва баҳори 2024 боз тибқи нақшабандии шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва маорифи ноҳия шинондани ниҳолҳои нав дар назар аст.
Кайд кардан ба мавридаст, ки соҳибкорони деҳа икдом гирифта буданд, ки сохтмони бинои идораи Ҷамоати деҳоти Корез, клуби фарҳангии деҳа ва бинои хобгоҳи омузгорони муассисаи таълими иборат аз ду ошёна бунёд созанд ва дар баробари ифтитоҳи муассиса аз тарафи меҳмонон ва соҳибкорон санги асосои сохтмони биноҳои мазкур барои оғози сохтмон гузошта шуд, ки чунин биноҳои замонавӣ ба ҳусни деҳа зебогӣ замъ мекунад. Аз ин иқдоми соҳибкорон мардуми заҳматқарини деҳаи Ғиҷовак хушҳол гардида ба Пешвои миллат ва соҳибкорон минатдории хешро баён намуданд.