25-уми август, дар доираи баргузории рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, роҳбарияти вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо соҳибкороне, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаато кору фаъолият менамоянд вохӯри анҷом доданд.
Зимни мулоқот гуфта шуд, ки новобаста аз он, ки имрӯз сокинон хусусан соҳибкоронеки дар хориҷи мамлакат кору фаъолият менамояд, пеш аз ҳама бояд бо ҳисси баланди ватандорӣ бояд баҳри рӯшду пешрафти соҳаҳои гуногун ҳиссагузор бошанд.
Шароиту имконоти мавҷуда дар самти қонунгузори, имтиёзҳои давлатӣ, кам будани сарбориҳои андозбандӣ, мавҷудияти ашёи хом, хусус маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, пешбини гардидани тахфиф барои интиқоли молу маҳсулот ба хориҷи кишвар тавассути роҳи оҳан ва қувваи корӣ барои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ мусоид мебошад.
Гуфта шуд, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон се ҷамъияти тоҷикон ва даҳҳо соҳибкорони тоҷики муқими ин шаҳр дар самту соҳаҳои гуногун махсусан соҳибкорӣ кору фаъолият дошта, пайваста ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рафту омад ва робитаи зичи ҳамкори дошта, дар муаррифии таъриху тамаддун, урфу одат ва молу маҳсулоти Тоҷикистон дар ин давлат ҳиссагузорӣ менамоянд.
Соҳибкори тоҷики муқими Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҳисси баланди худшиносӣ ва ифтихор аз миллати тоҷик буданашон, иброз доштанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол хонаи умеди ҳар як тоҷики рӯи замин ба ҳисоб рафта, рушду тарақиёти он таҳти сиёсати бо муваффақи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси рӯҳбаландию ифтихормандии ҳар як тоҷик гардидааст.
Мувофиқи иттилоъ дар заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи нек миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷонибдориву ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон Ҷумҳурии Қазоқистон 12 муассисаи таълими бо забони тоҷики фаъолият менамояд, ки дар онҳо фарзандони оилаҳои тоҷиктабори муқими Ҷумҳурии Қазоқистон дар онҳо ба таълиму тарбия фаро гирифташуда, аз таъриху тамаддун, забону адабиёт дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои миллӣ ва огоҳиву муаррифии дастовардҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз мусоидат карда истодааст.
Навид
Вохӯрии раиси вилояти Хатлон бо соҳибкороне, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаато кору фаъолият менамоянд.
- 16.01.2024
- Latest Update: 25.05.2024 21:11
- 397
- Less than a minute
Вохӯрии раиси вилояти Хатлон бо соҳибкороне, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаато кору фаъолият менамоянд.
You can share this post!