23 август дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон хонум Эри Двиведи сурат гирифт.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар оғоз оид ба ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ изҳори назар карда, изҳор дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои иҷтимоии вилояти Хатлон амалӣ шуда, қисмате дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд. Амалишавии барномаҳои рушди тандурустӣ барои ҳифзи саломатии модару кӯдак ва “Лоиҳаи “Мактаби бехатар: Пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон бо таваҷҷуҳ ба духтарон дар оила, мактаб ва ҷомеа” идома дошта, дар доираи онҳо корҳои назаррас баҳри баланд бардоштани некуаҳолии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба анҷом расонида шудааст.
Дар доираи лоиҳаҳои дигари худ ЮНИСЕФ дар самти амалӣ гардонидани некуаҳолии оилаҳои камбизоат баланд бардоштани устувории иқтисодӣ ва густариши татбиқи ҳуқуқҳои онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Бояд қайд намуд, ки дар вилоят мушкилот дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ зиёданд ва ба дастгирии шарикони рушд ниёз доранд. Хусусан, камбудиҳо дар самти норасоии синфхонаҳо, дар сатҳи нокифоя қарор доштани хизматрасониҳои беморхонаҳо ва норасоии боғҷаҳои томактабӣ ба назар мерасанд.
Ҳамчунин, қайд намудан зарур аст, ки Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таҷрибаи хуб дар амалисозӣ ва мониторинги барномаҳои рушди маҳал, бахусус шаҳру ноҳияҳоро дорад. Дар ин ҷода зарур аст, ки ҳамкории Намояндаи ЮНИСЕФ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вобаста ба амалишавии механизмҳои банақшагирии стратегӣ дар сатҳи маҳал ба роҳ монда шавад.
Сипас, намояндагони шарикони рушд аз фаъолиятҳои худ вобаста ба соҳаҳо ҳисобот доданд. Гуфта шуд, ки барои сайқал додани малакаи ҷавонон корҳои зиёде анҷом дода шудааст. Ҳадаф аз фаъолият дар ин самт омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир мебошад. Инчунин, вобаста ба ғизои солим модару кӯдак барномаи алоҳида фаъолият менамоянд, ки натиҷаи хуб ба бор овардааст.
Ҳамзамон, барои ҳамкорӣ ва мусоидат баҳри рушди соҳаи маориф ташкилот имконияти фаррох дорад. Давоми соли гузашта дар ин самт корҳои зиёде анҷом дода шуд. Ҳоло низ як қатор нақшаҳо тарҳрезӣ карда шудааст, ки давоми соли ҷорӣ метавонем мусоидат кунем.
Қайд гардид, ки сол то сол зиёдшавии аҳолӣ ба мушоҳида мерасад, ки барои таъмин намудан шароити мусоид талаб менамояд. Хусусан, барои кӯдакону наврасон ҳамасола зарурати сохтмони муассисаҳои нав ба миён меояд. Бинобар ин, ба масъалаи бунёди муассисаву синфхонаҳо ва муҳайё кардани шароити таълиму тарбия таваҷҷӯҳи махсус равона гардидааст. Илова бар ин, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот корбарӣ намудан лозим мебошад.
Раиси вилоят ва намояндгони шарикони рушд изҳори умедворӣ карданд, ки дар доираи ҳамкорӣ, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи некуаҳволии сокинон ва ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаҳо мусоидат менамоянд.