ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАШВАРАТИ АВГУСТИИ ОМӮЗГОРОН.

Имрӯз, дар Қасри фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар машварати августии омӯзгорон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ва дигар масъулон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба фаъолияти соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар соли таҳсили 2022 — 2023 суханронӣ кард.
— Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дода, Пешвои миллат доимӣ дар андешаи беҳбудӣ ва рушди соҳа мебошанд, — таъкид дошт раиси вилоят Давлаталӣ Саид. Дар идома раиси вилояти Хатлон илова намудан, ки барои вусъат бахшидани амалигардонии барномаҳои давлатии соҳаи маориф, пуррагардонии эҳтиёҷоти кадрӣ дар соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи хонандагон, мустаҳкам кардани заминаҳои моддӣ — техникии муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот, амалигардонии имтиёзҳои муқарраршудаи омӯзгорони ҷавон, дастгирию ҳавасмандсозии омӯзгорони варзидаю эҷодкор ва хонандагони аълохон, корҳои муайян дар сатҳи вилоят ба анҷом расонида истодааст, итминон дорам, ки натиҷаи дилхоҳ ба бор хоҳанд овард.
Гуфта шуд, ки дар соли таҳсили гузашта 85 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст. Инчунин, айни замон дар 315 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтмони иншооти соҳаи маорифи вилояти Хатлон иборат аз 2325 синфхона барои 55743 ҷойи нишаст идома дорад. Дар соли таҳсили 2021-2022 дар вилояти Хатлон 1362 муассисаи таълимӣ фаъолият мекард. Ин нишондод дар соли 2023 ба 1375 адад расид.
Зимни баромад раиси вилоят Давлаталӣ Саид қайд дошт, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» дар даврони соҳибистиқлолӣ бори аввал ҷойи якумро вилояти Хатлон соҳиб гаштааст, ки боис таҳсин мебошад. Ба ҳамин монанд, аз ҳисоби хатм бо аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ хонандагони вилояти Хатлон 18 ададро ба даст оварданд, ки 52 фоизи умумии аттестатҳои аълои ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар ин баробар, оид ба дигар самтҳои соҳаи маориф изҳори назар кард.
Раиси вилояти Хатлон раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф барои дастгирии омӯзгорон ва муҳайё намудани шароити таълиму тарбия дастуру супориш дода, ба ҳамаи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар соли таҳсили нав барору комёбӣ таманно намуд.
Сипас, вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро вобаста ба самтҳои мухталифи соҳа, хусусан дар бораи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, сифати таҳсилот, муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму тарбия, сохтмони иншооти соҳаи маориф, ҳавасмандӣ ва дастгирии омӯзгорон ҷавон, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ибрози андеша кард. Мавсуф афзуд, ки соли таҳсили 2022 — 2023 дастоварду муваффақиятҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон нисбат ба солҳои қаблӣ бештар мебошад.
Бояд гуфт, ки дар рафти чорабинӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро ва дигар ҳамроҳон аз намоиши дастовардҳои соҳаи маориф дидан карда, ба 17 нафар омӯзгорон Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин тақдим карда шуд. Инчунин, беш аз 140 нафар кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо Ҷоиза ва мукофотҳои молию пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Related Articles