Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Имей Сейдзуро ба ҳузур пазируфт.

18 августи соли ҷорӣ дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Имей Сейдзуро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот раиси вилоят роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Имей Сейдзуро барои ташриф ба маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар хайрамақдам гуфта изҳор доштанд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёде дар соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоии вилояти Хатлон амалӣ гардиданд ва идома дорад. Иброз шуд, ки Агентии мазкур шарики боэътимод оид ба рушд маҳсуб ёфта аз даврони соҳибистиқлолии кишвар тақрибан ҳамаи лоиҳаҳои он дар вилояти Хатлон татбиқ гаридааст. Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷиҳати таваҷҷӯҳи хоса дар самти татбиқи як қатор лоиҳаҳои ҷадид ба роҳбарияти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуда изҳори умед намуданд, ки дар оянда низ ҳамкориҳои дуҷониба рушд хоҳад ёфт. Ҷаноби Имей Сейдзу дар навабти худ ҷиҳати истиқболи самими ва андешаҳои саривақтӣ изҳори хушнудӣ карда қайд дошт, ки амалигардии лоиҳаҳои бештар дар вилояти Хатлон маънои онро дорад, ки вобаста ба фарогири мардум бояд таваҷҷӯҳ кунем ва баҳри беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони вилоят талош намоем.

 

Ҷаноби Имей Сейдзу изҳор доштанд, ки мо аз рӯи се самти афзлиятнок рушди деҳот ва иқтисодӣ беҳбуди соҳаи иҷтимоӣ ва саноат дар Тоҷикистон фаъолият дорем ва то имрӯз тамоми лоиҳаҳое, ки дар вилояти Хатлон татбиқ гардиданд, муваффақона буданд ва ман низ аз ин хушҳолам. Иброз шуд, ки ҳоло дар доираи амалигардии лоиҳаи “Шип” кӯшиш дорем ва аллакай мараҳилаҳои нахустини лоиҳа амалӣ шуда истодааст. Ҳадафи лоиҳаи мазкур баҳри беҳтар намудани афзоиш ва сифати маҳсулоти кишоварзӣ равона шудааст ва дар оняда тасмим аст барои аз лабараторияҳои махсус гузаронидани маҳсулотҳои кишоварзӣ ва сипас содироти он ба хориҷи кишвар кор карда истодаем чун ҳоло дар вилояти Хатлон низ таваҷҷӯҳ намудан ба ин самт саривақтист. Ҳамчунин, Ҷаноби Имей Сейдзу баён дошт, ки имрӯз бо хабари хуше мехоҳам изҳор намоям, ки лоиҳаи “Обатъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ” татбиқ гардида аллакай барои таъмини сокинон ба об ниёзманди ноҳия корҳо оғоз ёфтаанд. Беҳтар намудани сатҳу сифати роҳҳои автомобилгарди вилоят низ беҳбудӣ мехоҳад ва мо дар ин замина тасмим дорем, ки дар бунёди роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллидошта дар самти бехтарии он мароқ зоҳир кунем. Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Ҷаноби Имей Сейдзу зимнан қайд намуданд, ки минбаъд низ мехоҳем дар якҷоягӣ ҳамкориро зич намоем.

 

Раиси вилоят дар тақвияти изҳороти Ҷаноби Имей Сейдзу гуфт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамеша омода аст дар оянда ҳамкориҳоро бештар намояд. Дар доираи амалӣ гардонидани дигар лоиҳаҳои рушд андеша ба миён оварда шуд.

Related Articles