Нимаи дуюми рӯзи 9 августи соли ҷорӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид аз шароити хизматии афсарону сарбозони қисми ҳарбии 07/017-қушунҳои хушкигардӣ Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, ба сарбозони қисми низомии мазкур зиёда аз 8 тона маҳсулоти хурокворӣ аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, каду, инчунин 1 тонна себ ва 500 кг олуи сиёҳ ҳамчун кумаки яквақтаина дастрас гардонид. Раиси вилоят бо сарбозон ҳамсӯҳбат шуда аз шароити имрӯзаи хизматашон пурсон шуд. Зимни пурсиш маълум гардид, ки шароити қисми низомӣ барои сарбозон хуб ба роҳ монда шуда, ҳамасола садҳо ҷавонон дар ин даргоҳ адои хизмати Ватан-Модар намуда, ба назди оилаи хеш бо сари баланд бар мегарданд.
Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид ҳамзамон зимни вохурӣ бо сарбозони қаторӣ ва афсарони баландрутба таъкит намуд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро баҳри ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ба хизмати содиқона сафарбар созанд. Дар охир раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба падару модароне, ки ингуна фарзандони бонангу номусро ба воя расондаанд ва имрӯз сарбаландона хизмати модар ватанро ба ҷо оварда истодаанд минатдории хешро баён намуданд.