Ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2021-2025 то имрӯз дар вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 2 миллиону 264 ҳазор сомонӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ 108 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Айни ҳол дар вилояти Хатлон 37 хоҷагӣ дар самти омода намудани пахтаи тухмӣ ва ғалла фаъолият менамоянд.
Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2021-2025 барномаи амали миёнамуҳлат буда, бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз навъҳои парваришёбанда, ҳамчунин маводи тухмӣ ва шинонидашаванда татбиқ мегардад.
Тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарини соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, дар истеҳсолоти кишоварзӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Зиёд намудани майдони кишти тухмипарварии ибтидоии зироати кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои сертификатсияшуда дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ба афзун намудани ҳосилнокӣ ва зиёд гардидани истеҳсоли зироати кишоварзӣ мусоидат менамояд.