ДАР БОХТАР ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРПО ГАРДИД

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон айни ҳол таҳти раёсати муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор гардид.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ахбороти раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Кӯлоб №8, Ҳамадонӣ №50 шунида шуд. Вакилон ваколати вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум Назарзода Бахтиёр — раиси шаҳри Кӯлоб ва Мирзозода Нурулло — раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро тасдиқ намуданд.
Сипас, муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 июни соли 2021, №176 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» ва фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварии вилоят дар таъмини иҷрои Барномаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот дод.
Қайд гардид, ки айни ҳол дар вилояти Хатлон 37 хоҷагӣ дар самти омода намудани пахтаи тухмӣ ва ғалла фаъолият мекунанд. Ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2021-2025 то имрӯз аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 2 миллиону 264 ҳазор сомонӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ 108 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Пас аз муҳокимаи масъалаи мазкур аз ҷониби вакилон, ахбороти прокурори вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимзода оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 13 июли соли 2021, №207 оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шунида шуд.
Аз рӯйи масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи директорони филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар ва Кӯлоб вобаста ба истифодаи мақсадноки неруи барқ ва ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон манзур гардид.

Related Articles