Дар заминаи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагии соҳаҳои иқтисодию иҷтимои кишвар барои фаъолияти мунатазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои нақша чорабинии супориши паратаколии раиси вилоят бо иштироки масъулин ва аъзои ситод таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода барои вусъат бахшидани корҳои омодаги ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ҷаласаи ситоди вилояти доир гардид. Дар чорабини мазкур нахуст бо назардошти камбудии давраи зимситони солҳои 2022-2023 таъкид шуд, ки дар баробари иқрои нақшаи чорабиниҳо масъулин бояд хавфи эҳтимолро низ ба инобат гирифта корҳои лозимаро дар сатҳи зарур анҷом диҳанд.
Дар ҷаласа нақшаи дохили идоравии раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барраси ва зикр карда шуд, ки дар соҳаи маорифи вилоят айни замон 544-тонна бақияи ангишт, 725-метри куби ҳезум ва миқдори муайян сузишвории дизели боқи мондааст. Бо мақсади саривақт таъмини нақшаи захираи ангишт ба масъулин дастур дода шуд,ки бояд шартнома бевосита бо корхонаҳои истихроҷи ангишт баста шавад.Барои омодагии соҳа ба давраи тирамоҳу зимистон таъкид шуд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳоло ба корҳои таъмир ,шишабандӣ, ба кор омода кардани иншооти гармидиҳи, духти сарулибоси ягонаи мактаби таваҷуҳ зоҳир ва аз эътибор соқит кардани дегхонаҳое,ки аз солҳои пешин дар тавозуни муассисаҳои таълими қарор дораду дар вазъи корношоямияст корбари карда шавад.
Дар чорабини масъулини соҳаи тандурусти ва фарҳанги вилоят низ оид ба нақшаи захираи сузишворӣ барои давраи зимистони имсола баромад карда,зикр шуд,ки дар соҳаи тандурусти аз 29-дегхона 13-адади он дар ҳолати кори қарор дошта, дар ҳар як муассисаи тибби тибқи нақшаи чорабинӣ то муҳлати пешбинишуда корҳо дар сатҳи зарури анҷом дода мешавад. Дар соҳаи фарҳанг шахсони мутассаади вазифадор гардиданд,ки фаъолияти китобхонаҳо ва дигар иншооти соҳаро ҷиди зери назорати қарор дода мушкилоти ҷойдоштаро пурра бартараф намоянд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода ба роҳбарияти хадамоти давлатии оташнишонӣ, шабакаҳои барқ, идораи роҳҳо, хоҷагии манзилию камуналӣ ва дигар мақомоти дахлдор дастур доданд, ки корҳои санҷиши,таъмиру навсозӣ ва омодаги ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024-ро тибқи талабот анҷом дода, фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои қабули ашёи хоми имсола пурра аз назорат ва санҷиши техникӣ гузаронида шавад.
Гуфта шуд, ки то якуми октябри соли равон дар тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят бояд, корҳои омодаги ба давраи зимистон дар сатҳи лозима анҷом дода шавад. Дар соҳаи кишоварзи низ бояд ба масъалаи захираи тухми,беталаф ғундоштани ҳосил,омодаги ба кишти тирамоҳи, зағираи хуроки чорво,таъмири кашарҳо аз ҳоло аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Кормандони васоити ахбори оммаи вилоят вазифадор гардиданд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассиса ҷараёни корҳои омодаги ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024-ро ба таври муназзам инъикос намоянд. Муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо,роҳбарони ташкилоту муасисаҳои вилояти ва масъулини ситоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ бояд бо доир намудани чунин чорабиниҳо корҳои дар нақша пешбинишударо барои фаъолияти мутазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон мавриди таваҷуҳи хеш қарор дода аз натиҷаи корҳо ба ситоди вилояти ахбороти муфассал пешниҳод намоянд.