18 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардорони раёсатҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, маориф, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ҳуқуқи кӯдак, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳру ноҳияҳо, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Дар ҷаласа ҳисоботи мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бобати баргардонидани ҷавононе, ки ғайрирасмӣ дар мактабҳои динии хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайрирасмии динии шаҳрвандон, воридшавии ноболиғон ба иттиҳодияҳои динӣ шунида шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби муовини раиси вилоят дар ҷаласа дастур дода шуд, ки бо таъсиси гурӯҳҳои корӣ оид ба пешгирии худкушию худсӯзӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, дар маҳал назорати гаштугузори кӯдакону наврасон, тарғибу ташвиқи сарфаю сариштакорӣ, пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар иду маросим, расонидани садақаи фитр ба эҳтиёҷмандон корбарӣ карда шавад.