Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ба ноҳияи Панҷ сафари корӣ анҷом дода, аз рафти бартарафсозии зарари офати табиӣ дидан намуда, бо мардуми осебдида, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сардорони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ мулоқоту вохурӣ намуд. Дар ин хусус Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба 70 оилаи зарардида ва 34 оилаи камбизоат кӯмакҳои моддӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар ва макарон расонида шуд.
Ҳамзамон, вазири рушди иқтисод ва савдо аз рафти ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ дидан намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор доданд.