Бо дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар шаҳри Бохтар ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад.
Дар ин ярмарка кишоварзони ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо маҳсулоти тару тоза, аз қабили пиёзи барвақтии хоҷагиҳои деҳқонӣ, картошкаи барвақтӣ, бодирингу помидор, орду равған, маҳсулоти гӯштӣ ва дигар маводи мавриди ниёзи шаҳрвандонро бо нархи то 20-25 фоиз аз нархи бозор арзонтар пешниҳод менамоянд.