Дар шаҳри Бохтар мулоқоти роҳбарони Палатаи савдо ва саноат, ширкатҳои сайёҳӣ ва корхонаҳои коркарди пахтаи вилояти Хатлон бо намояндагони ширкати “Каян”-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самтҳои сайёҳӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва содироти маҳсулот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, бо мақсади рушди ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва ширкати “Тревел Эйр”-и Арабистони Саудӣ ба имзо расонида шуд.
Дар ҳошияи ин мулоқот, рӯзи 9 апрел, роҳбарияти Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати “КАЯН”-и Арабистони Саудӣ ва ҳайати ҳамроҳ бо мақсади шиносоӣ бо парвариши сабзавоти барвақтӣ аз гармхонаҳои Кооперативи истеҳсоли “Имоми Аъзам”-и Ҷамоати деҳоти “Навбаҳор”-и ноҳияи Кӯшониён дидан намуданд.
Ба меҳмонон иқтидорҳои истеҳсолии сабзавоти барвақтӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзии ноҳия муаррифӣ гардида, ҷиҳати ҳамкориҳои дуҷониба барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор карда шуд.
Таъкид гардид, ки ин шабу рӯз дар тамоми гармхонаҳои ноҳияи Кӯшониён ҷамъоварии сабзавоти барвақтӣ бо маром идома дорад ва истеҳсоли он рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст.