Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бо иштироки Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон, котибон ва аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Фархор, М.С.А. Ҳамадонӣ ва намояндагони ВАО ҷаласаи навбатии сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Шӯрои навбатӣ дар мавзӯи «Роҳу усулҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» гузаронида шуд.
Зиннатулло Исмоилзода, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон ҷаласаро оғоз бахшида, рӯзномаи ҷаласаи мазкурро ба ҳозирин шинос намуд.
Сипас, Азиззода Шуҳрат – мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар атрофи мавзӯи ҷаласа маърӯза намуда, қайд намуд, — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ доир ба ин масъала чунин иброз намудаанд: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад.»
Дар кори ҷаласа, инчунин Нуралӣ Саидов – котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои шӯроҳои ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳо дур аз маркази вилоятҳо ва ҳадафи он суханронӣ намуд ва иброз дошт, ки мақсад аз гузаронидани чунин ҷаласаҳо дар шаҳру ноҳияҳо аз наздик шинос шудан ба мушкилоти мардум ва тавсияҳо додан ба мақомоти иҷроия дар ҳалли онҳо иборат мебошад.
Дар ҷаласаи мазкур, Атоев Илҳомҷон – муовини раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадӣ Шарифзода – мудири шуъбаи дин, танзим ва анъанаи МИҲД вилояти Хатлон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Фархор ва М.С.А. Ҳамадонӣ бо маърӯзаҳо бахшида ба мавзӯи ҷаласа суханронӣ намуданд.
Баъд аз шунидани маърӯзаҳо саволу ҷавоб байни аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо ва ва корбарони ҷаласа сурат гирифт. Аз тарафи рӯзноманигорон, имомхатибон ва кормандони маориф саволҳо доир ба сабабҳои гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои тундрав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ аз тарафи хонандагони мактабҳои миёна ва олӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба дастрасии иттилоот тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дода шуд. Ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд. Аз тарафи аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо доир ба иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вокуниши саривақтӣ додан ба нафароне, ки ба сиёсати имрӯзаи ҳукумат ва давлати Тоҷикистон муқобил ҳастанд пешниҳодҳо ироа гардид. Инчунин, пешниҳод гардид, ки дастовардҳои давраи истиқлолияти Тоҷикистон аз тарафи тамоми қишрҳои ҷомеаи имрӯза дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва дигар забонҳои муоширати байни халқҳои дар Тоҷикистон иқоматдошта ва берун аз он муаррифӣ карда шавад.
Ҷаласа баъди муҳокимаи ду масъалаи рӯзнома ва қабули қарор ба кори худ хотима бахшид.