ИҶЛОСИЯИ 14-УМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД

Субҳи имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи 14 – уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар иҷлосия чанд масъалаҳои муҳим “Дар бораи Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2024”, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” дар вилоят ва иҷрои қарори раиси вилоят оид ба қарори хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Иҷлосияи 14 – уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашумро муовини аввали раиси вилоят Салимзода Амонулло Файзулло ифтитоҳ бахшид. Дар кори иҷлосияи вакилони халқ, муовини якум, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ ва раёсату шуъбаҳои мақомот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони муассисаҳои давлатии роҳҳои автомобилгарди вилоят, роҳбарони муассисаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар даъватшудагон ширкат варзиданд.
Дар оғоз ахбороти раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбон оид ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Восеъ №27, Қубодиён №40, Ҷалолиддини Балхӣ №41 ва тасдиқ намудани вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум шунида шуд. Таъкид гардид, ки ба ҷойи вакилони ивазшуда дар ҳавзаҳои зикргардида интихобот баргузор шуд, аз ҳавзаи интихоботии Қубодиён №40 иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, аз ҳавзаи интихоботии Восеъ раиси ноҳияи Восеъ №27 Шарифзода Ҷамшед ва аз ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №41 раиси ноҳия Холмурод Раҳмон дар интихобот пирӯзӣ ба даст оварданд. Дар вазъияти тантанавӣ вакилони навинтихобшуда савганд ёд карданд бо дарки масъулият таъкид доштанд, ки манфиатҳои давлату миллатро ҳифз намуда, ӯҳдадориҳои вакилии худро содиқона иҷро менамоянд. Ба вакилон шаҳодатнома ва нишони сарисинагӣ тақдим карда шуд.
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод намудани Ҳакимзода Қурбон” ва “Дар бораи раиси вилояти Хатлон таъин намудани Давлаталӣ Саид” аз ҷониби вакилони иҷлосия дастгирии комил ёфт. Ҳамчунин дар бораи тағйиру иловаҳо ба дастури Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум ва дар бораи тағйиру иловаҳо ба номгӯи коммисияҳои доимӣ, ҳайат ва Низомномаи коммисяҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум аз ҷониби вакилони халқ пазируфта шуданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Зароббидин дар назди вакилони халқ оид ба рафти иҷрои Қарори раиси вилояти Хатлон аз 23-юми апрели соли 2021 таҳти рақами 130 оида ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 – уми феврали соли 2021 таҳти №53 “Дар бораи барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2024” бо маърӯзаи таҳлилӣ баромад кард. Ӯ таъкид дошт, ки дар баробари баъзе нишондодҳо амалигардонии барномаи зикргардида дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест. Аз ҷумла 16 адад дегхонаҳои соҳаи тандурустии вилоят ва 99 адад дегхонаҳои гармидиҳии соҳаи маориф таъмирталаб ва корношоям мебошанд. Мушкилоти бо оби тозаи ошомиданӣ нигаронкунанда буда, рафъи партобҳои обӣ, мавҷуд набудани системаи муттамаркази таъминоти оби нӯшокӣ дар маҳалҳои шаҳру деҳоти вилоят, фарсуда ва дар баъзе ҷойҳо пурра аз кор мондани шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ, ҳангоми ҷудо намудани замин барои сохтмони манзили зист ба инобат нагирифтани ифрасохторҳои коммуналӣ аз ҷумла сохтмони системаҳои таъминоти оби нӯшокӣ, барқ, канализатсия, ба пурагӣ насб нагардидани ҳисобкунакҳои обӣ, мунтазам баланд гардидани нархи барқ, сузишворию равғанҳои молиданӣ ва маводҳои таъиноти техникии соҳа корхонаҳоро дар ҳолати ноустувории молиявӣ қарор додааст. Бинобар ин, раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид оид ба камбудиҳои дар маърӯза зикршуда масъулинро муваззаф кард, ки сари ин масъала ҷиддӣ чораю тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намоянд. Раисони шаҳру ноҳияҳо кори соҳаро таҳти назорати қатъӣ гиранд. Якчанд вакилони халқ аз ноҳияҳои Восеъ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Кӯлоб баҳри беҳбудии кор андешаҳои хешро баён доштанд. Раиси вилоят роҳбарони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки камбудиҳоро сари вақт ислоҳ намуда, беҳбудии соҳаро таъмин кунанд. Хизмати халқро дар ҷойи аввал гузоранд, зеро ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани мардум ба зиндагии шоиста мебошад.
Сардори Раёсати Адлияи вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои Қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 – уми январи соли 2020 оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 – уми ноябри соли 2019 “Дар бораи барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2030” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо далелҳои мушаххас андеша баён кард. Таъкид гардид, ки дар ин асос ҷиҳати сари вақт ва босифат иҷро намудани барномаи дохили идоравии таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар вилоят нақша – чорабиниҳо тасдиқ ва амалӣ шуда истодаанд. Дар назди раиси вилоят дар ҳайати 21 нафар Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон фаъолият дошта,ин шӯроҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ амал карда истодаанд.
Вобаста ба ҷашнҳои таърихӣ ва рӯзҳои таърихӣ мизҳои мудаввар ва конфронсҳои илмию – назариявӣ пайваста баргузор шуда истодааст.
Ҳамчунин озмунҳои “Мақолаи беҳтарин” дар мавзӯҳои “Номуси ватандорӣ”, “Амният заминаи саодат”, мусобиқаҳои Ватанпарвар баргузор карда, бо иштироки ҳуқуқшиносон ва сиёсатмадорон барномаҳои махсуси “Инсон ва қонун”, “Ҷавонон ва ҷомеа”, “Бозтоб” дар мавзӯҳои таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ташкил аз тариқи телевизиони Хатлон намоиш дода шуд. Раиси вилоят раисони шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон, тақвият бахшидан ва баланд бардоштани шуури ҳамватанон дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ чораҳои судмандро роҳандозӣ намоянд. Хатари ҳаргуна амалҳои номатлуб, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, пешо роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таълимоти ғайрирасмӣ, даст задан ба қочоқ ва истеъмоли маводи мухадир гирифта шавад.
Ҳамчунин дар иҷлосия ҳисоботи сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард” – и минтақаи Бохтар оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард” ба фаъолияти роҳдорӣ дар вилоят шунида шуд. Зикр гардид, ки соли 2022 – юм 2 ҳазору 969 километр роҳҳо ба маблағи умумии 156 миллиону 516 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардиданд.Дар ду моҳи соли равон бошад, ин масофа 152 километрро ташкил медиҳад.Бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ 24 километр таъмири асосӣ,70 километр роҳҳо сангфарш ва 8 адад кулу қубурҳо таъмиру азнавсозӣ гардиданд, вале дар баробари пешравиҳо камбудиҳо дар соҳаи роҳдорӣ низ дида мешавад.
Бо хулосабарорӣ аз вазъи соҳа раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлталӣ Саид диққати масъулинро ба ҳалли мушкилоти роҳу роҳдорӣ, таъмиру азнавсозӣ, таъмири техникаҳои мавҷуда, ҷобаҷогузории аломатҳои роҳ ҷалб карда, онҳоро муваззаф намуд, ки баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Ҳамзамон ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва амнияти шаҳрвандон дар фасли сармою яхбандӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, ҷиҳати захираи омехтаи зидди лағжиши босифат бо пуррагӣ омода намудани техникаю механизмҳои роҳнигоҳдорӣ, сузишворӣ, таъмин намудани кормандон бо либосу пойафзоли зимистона чораҳои қатъи андешанд.
Талаботи агротехникии хушк нагардидани дарахтони сояафкан ва гулҳои ороиширо, ки дар шафати роҳҳо шинонида шудаанд, риоя намоянд.
Дар иҷлосия дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии Кӯлоб №8 ва Ҳамадонӣ №50 таъин намудани интихобот ва дар бораи ташкили Коммисияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон бар ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботи зикргардида аз ҷониби вакилон дастгирии комил ёфтанд.
Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак “Дар бораи таъсис додани шаҳраки нав дар марзи маъмурии шаҳри Норак ва бо номи “Нурофар номгузорӣ намудани он низ” ҷонибдорӣ ёфт. Дар баробари ин як қатор қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Кулобу Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Балҷувон, Вахш, Хуросон, Шамсиддин Шоҳин, Восеъ, Ховалинг, Темурмалик, Носири Хусрав, Панҷ, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ёвон, Ҳамадонӣ, Ҷайҳун, Кӯшониён, Муъминобод, Данғара оид ба номгузории деҳаҳо, мактабҳо аз ҷониби вакилони халқ дастгирии комил ёфт. Дар охир раиси вилоят ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, кишту кори баҳорӣ, тарбияи фарзандон, баланд бардоштани мақому мартабаи Тоҷикистон, ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Related Articles