«Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад».
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Мардуми тоҷик аз қадим як анъанаи хуб доштанд. Ҳангоми синну солашон ба айёми пирӣ расидан ва ба бистари беморӣ афтидан, зуд фарзандону пайвандону наздиконашонро сарҷамъ намуда, васият мекарданд, ки баъд аз марг ӯро дар зодгоҳаш бурда ба хок монанд. Фарзандону пайвандон ин хоҳиши падару бобоёнро ба ҷо меоварданд. Ҳарчанд, ин анъана ба назари мо як чизи одӣ намояд ҳам, он ба худ маъниҳои зиёдеро ифода мекард. Зодгоҳ ҳамон замин ва маконе, ки ӯ ба дунё омадаасту давраи кӯдакӣ ва наврасиашро дар он ҷо гузаронидааст. Ё дар мазори он ҷо падару модар ва хешу наздиконаш хуфтаанд.
Ӯ низ ин замину ин маконро барояш ҷойи муқаддас дониста, мехоҳад, ки бо гузаштагонаш бошад. Агар мафҳуми зодгоҳро саҳеҳтар андеша кунем, он моро ба ватандӯстию ватандорӣ мебарад. Яъне, мардуми тоҷик аз қадим зодгоҳ гуфта дӯст доштани манзилу макони падару бобоён ва меҳру маҳаббат ба Ватанро ифода намуда, ин анъанаро то ба имрӯз, аз насл ба насл ба мерос гузоштаанд.
Дар воқеъ, таърихи гузашта нишон медиҳад, ки тоҷикон мардуми қадима буда, ҷавонони ватандӯсту ватандор ва бо нангу номуси худро доштаанд. Садҳо фарзандони тоҷикро медонем, ки барои ҳимояи имрӯзу буми замини аҷдодӣ ва нигоҳ доштани нангу номуси гузаштагонашон ба муқобили душманон мардонавор ҷангида, номи худро дар сафҳаи таърих ҷовидон мондаанд.
Масалан, Спитамен, як ҷавони кӯҳистонӣ, вақте ки Искандар бо миқдори зиёди силоҳу лашкари бепоён ҳуҷум овард, ӯ аз ягон чиз наҳаросида ба муқобили душман далерона бархост. Душманон ҳарчанд талош намуданд, ки ӯро шикаст диҳанд, аммо ба мақсади нопокашон расида натавонистанд.
Оқибат, бо фиребу найранги ҷосусона ва хоинии ҳамсараш Спитаменро дар ҷойи хобаш ғафлат ёфта, сарашро аз тан ҷудо намуда, ба назди Искандар мебаранд. Искандар Спитаменро дида афсӯс мехӯрад. Афсӯс аз он мекунад, ки бояд чунин ҷавонмардони далер бо фиребу найранг не, балки дар майдони набард ва муҳорибаҳои тан ба тан кушта шаванд. Искандар ба сарлашкараш фармон медиҳад, ки Спитаменро ҳамчун ҷавонмарди ватандӯсту нотарсу далер ботантана ба хок супоранд ва ҷосусони ӯро бо ҳамроҳи занаш қатл намоянд.
Аз ҳамин гуна корнамоии дигаре, ки то ба имрӯз барои ҷавонони мо дарси мардонагӣ гаштааст, муборизаи беамони Темурмалик ба муқобили лашкари чингизиён мебошад. Устод С. Айнӣ дар китоби худ «Қаҳрамони халқи тоҷик — Темурмалик» менависад, ки ҷасади ӯро дар миёни хоку хун оғушта меёбанд, аз дохили миёнбандаш як мушт хок ва навиштаҷотеро пайдо мекунанд:
Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу,
Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок!
Ин байт то имрӯз дар қалби ҷавонон маскан гирифта, онҳоро ба хислатҳои неки инсонӣ, ватандӯстию ватандорӣ ва корнамоию далерӣ даъват мекунад. Темурмалик ҳамчун ҷанговари ватандӯст аз ҳамдиёронаш хоҳиш менамояд, ки ӯро баъд аз марг бо ҳамин мушти хок ба қабр гузоранду пайваста бо бӯи Ватан бошад. Нидои «Во ҳасрато» огоҳӣ аз он медиҳад, ки қаҳрамони миллат ҳамаи он нақшаву орзуҳояшро ба муқобили душман амалӣ карда натавонист, лекин дар пайравии ин қаҳрамони халқӣ чандин ҷавонони дигар ба мубориза бархоста, қасди ҷони ӯро аз душманон ситониданд ва орзую ормонҳои
некашро амалӣ сохтанд.
Дар ҳақиқат, ҳимояи Ватан аз ҳифзи соҳибистиқлолию арзишҳои миллӣ аз бошарофаттарин рисолати ҷавонмардони тоҷик мебошад. Миллате, ки истиқлол, марзу бум ва фарҳангу маърифати гузаштаи худро устувор нигоҳ дошта наметавонад, ҳеҷ гоҳ рушди иҷтимоию иқтисодии ӯ пеш намеравад, оҳиста-оҳиста онро ба нестӣ мебарад. Мардуми тоҷик ин санҷишро охирҳои асри гузашта аз сар гузарониданд. Вақте, ки истиқлоли комил ба даст овардем, душманони миллат садди роҳи мо шуданд. Онҳо мехостанд, ки соҳибистиқлолии моро барҳам зада, миллатро пароканда намоянд. Дар чунин шабу рӯзи фалокатбор ҷавонмарди нотарсу боғайрат, покдилу бохирад, росқавлу рострав, ба миллати хеш содиқу вафодору ватандӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардид. Ӯ дар як муддати начандон тӯлонӣ бо ранҷу машаққату ҷон дар хатар гузоштан ва гуфтугӯю вохӯриҳои бисёри судманд сулҳу субот, орому осоиштагии мардумро дар мамлакат барқарор сохт. Дар тамоми идораҳои давлатӣ тартибу низом ва дар корхонаҳои меҳнатӣ, муассисаҳои
таълимӣ мардум бо дасту дили гарму умед ба оянда ба кор оғоз намуданд.
Тамоми гурезаҳо низ аз кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд. Диққатҷалбкунанда он буд, ки мардуми чанд муддат аз манзилу макони зисташон дурмонда аз техникаҳои боркаш фармода, заминро ба оғӯш меирифтанд ва мушти хок бар сару рӯйи худ мепошиданд. Ашкрезон мегуфтанд. «Ватан, ту барои мо чун модар муқаддасӣ. Мо танҳо дар канори ту орому осуда зиндагӣ карда метавонем. Ту қуввату дармон, хушбахтӣ ва орзую ҳавасҳои мо мебошӣ».
Ҳукумат ба онҳо чорво, масолеҳи сохтмонӣ, асбобу анҷоми рӯзгор ва чанд муддат бо хӯрокаю пӯшока низ таъмин кард. Бо меҳнати аҳлонаву муносибати бародарона хонаву манзили зисташонро аз пештара ҳам ободу зеботар гардониданд. Боиси хушнудист, ки дар пайравии Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик муттаҳид ва даст ба дасти ҳам дода, барои мустаҳкам нигоҳ доштани сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлоли давлатӣ тамоми қувваю ғайрати худро ба корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ равона сохтанд. Месазад, ки ба қадри хидмат ва неъматҳои бебаҳое, ки ин ҷавонмарди фиристодаи Худо барои миллати тоҷик насиб гардонидааст, аз дилу ҷон арҷгузорӣ кунем. Огоҳу ҳушёру зирак бошем, ки имрӯз осмони кишварамон софу беғубор бошад ҳам, аммо тамоми атрофи марзу бумамонро душманони миллат чун абри сиёҳу туфонҳои шадиди зараровар иҳота кардаанд. Онҳо дар ҳар фурсати муносибу ҳолати дар ғафлат мондан метавонанд ба мардуми тоҷик зарари худро расонанд. Дар айни ҳол бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат аз ҳисоби ҷавонони ватандӯсту далер, хондаю касбомӯз ва бомаҳорату таҷрибаи баланди ҳарбӣ дошта, Артиши миллии бо тамоми силоҳу намудҳои яроқи ҷангӣ ҷиҳозонида ташкил карда шудааст. Онҳо шабу рӯз дар ҳимояи марзу бум ва орому осоиштагии давлату миллат қарор доранд.
Мо — омӯзгорон уҳдадорем ва вазифадорем, ки дастуру супоришҳое, ки аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, омӯхта, сифати таълиму тарбияро баланд бардорем. Насли наврасу ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ, худшиносӣ ва ахлоқи нек тарбия намоем. Талош намоем, ки насли наврасу ҷавонон таҷрибаи ватандӯстию ватандорӣ, сулҳу ваҳдатофарии Пешвои миллатро омӯхта, онро аз насл ба насл ҳамчун мактаби омӯзиш ба мерос гузоранд. Имрӯз аз ободию зебоӣ, созандагию бунёдкорӣ, гулрезу гулпӯш гардидани кӯчаву хиёбонҳо ва зиндагии шоиставу шоду хуррамонаи мардуми Тоҷикистон ба завқ омада мегӯем:
Аз ҳама дил биканам, аз ту вале дил наканам,
Тоҷикистон Ватанам, ҷон Ватанам, ҷон Ватанам.
Намоз Солиев,
омӯзгор аз шаҳри Левакант