ФЕСТИВАЛИ ГУЛҲО: ТАҲТИ УНВОНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

Дар шаҳри Бохтар фестивали гулҳо “Сайри гули лола” бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, баргузор гардид.
Нахуст, меҳмонон аз намошгоҳи оростаи намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар дидан намуда, ба ҳунари иштирокдорон баҳои баланд доданд. Зикр гардид, ки лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаи фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд.
Тибқи иттилои масъулин дар шаҳри Бохтар зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор гулу гулбутта шинонида шудааст, ки аз инҳо 495 ҳазор гули лола, 291 ҳазор гули садбарг ва 627 ҳазор гулҳои мавсимӣ мебошанд.
Лозим ба ёдоварист, ки фестивали мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади вусъат додани ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату шаҳраку даҳот, маҳаллаҳо, ҳамзамон ҷиҳати ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадами гулпарварӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои кабудизоркунию хуррамгардонӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, сатҳи маърифати экологии сокинон, тозагӣ, ҳифзи муҳити зист ва бунёд намудани гулгаштҳо баргузор мегардад.

Related Articles