САФАРИ КОРИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Субҳи 11 феврали соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф овард.
Тибқи барномаи сафари корӣ раиси вилоятро ҳангоми боздид ва шиносоӣ аз рафти сохтмон ва азнавсозии иншоотҳои ба нақша гирифташуда раиси ноҳия Шарифзода Ҷамшед роҳбаладӣ намуда, сараввал дар мавриди ба истифодабарӣ қарор додани обанбори “Чилла” воқеъ дар деҳаи Ҳулбеки Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев ва хатҳои оби нӯшокӣ аз рӯи лоиҳаи Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) вобаста ба татбиқи Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот”, ки бо сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст, иштирок намуданд. Қайд бояд кард, ки намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ низ дар рафти ба истифодадиҳии иншооти мазкур иштирок доштанд.
Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки барои беҳтар намудани ҳолати кунунии соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳот нигаронида шуда, татбиқи он дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон, аз он ҷумла ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Ҷ. Балхӣ, Леваканд, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Восеъ ба нақша гирифта шудааст.
Лоиҳаи мазкур асосан аз 3 Ҷузъ (компонент) иборат мебошад:
Сармоягузории инфрасохтори обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови минтақаҳои интихобгардидаро маблағгузорӣ менамояд.
Бо сарпарасти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ислоҳоти соҳаи об ва банақшагирии сармоягузорӣ дар ин самт равона мегардад.
Идоракунии Лоиҳа ва хароҷоти дастгирии татбиқи онро маблағгузорӣ менамояд.
Лоиҳа, 22 ноябри соли 2019 оғоз ва 30 июни соли 2025 анҷоми он дар назар аст.
Қобили қайд аст, ки дар доираи татбиқи лоиҳа дар ноҳияи Восеъ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 24 шартномаи пудратӣ баста шуда, ки дар асоси қарордодҳои баимзорасида дар панҷ нақшаи обтаъминкунӣ: Тосқала (7-деҳа, 1901-хоҷагӣ ва 19852-аҳолӣ), Чилла (14-деҳа, 4799-хоҷагӣ ва 43973- аҳолӣ), Ҷавонӣ (3-деҳа, 1070-хоҷагӣ ва 10707-аҳолӣ), Гултеппа (11-деҳа, 2537-хоҷагӣ ва 21176-аҳолӣ) ва Пушёни миёна (5-деҳа, 963-хоҷагӣ ва 7614-аҳолӣ) корҳои сохтмонии назаррас ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла дар иншооти нақшаи обтаъминкунии Тосқалъа, Чилла ва Ҷавонӣ корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, насбу васли обчекунаҳо мувофиқ ба нақша бо маром иҷро гардида истодаанд. Дар нақшаи обтаъминкунии Гултеппа ва Пушёни Миёна бошад корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик васлу насби обченкунакҳо оғоз мегардад. Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Восе 40 деҳа бо 11270 хонаи истиқоматӣ ва 103322 аҳолӣ соҳиби оби тозаи босифат ва безараргардонидашуда таъмин мегарданд.
Нақшаи обтаъминкунии “Чилла” барои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партови 4 ҷамоат, ҷамоати М.Вайсов, Гулистон, А.Авазов ва М.Маҳмадалиев инчунин 14 деҳа, деҳаҳои Навкорам, Даҳаначиён, Зафаробод, Истиқлол, Охҷари боло, Гулгашт, Шӯрқишлоқ, Селбур, Охҷар, Туғай, Чорводорон, Гулистон, Меҳробод ва Файзобод равон гардидааст.
Инчунин гуфта шуд, ки дар доираи татбиқи амалӣ гардонидани сохтмони иншоотҳои санитарӣ — беҳдоштӣ дар ин иншоот, 6 адад ҳочатхона дар мактаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 адад ҳоҷатхона дар бунгоҳҳои тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи сафарии кории Раиси вилоят бо гурӯҳи ҳамроҳонаш аз татбиқи лоиҳа ба истифодадиҳии хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Гулгашт бо истифодабарандагони оби нӯшокӣ ва кормандони корхонаи давлатии фаръии “Таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партови ноҳияи Восеъ” боздид ва мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот аҳли деҳа миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва лоиҳаи амалигардида расониданд.
Инчунин, гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Меҳробод, ки дарёи Ёхсу ва Қизилсӯ якҷоя мешаванд, боздид ба амал оварданд.
Аз тарафи масъулин маълумот дода шуд, ки барқарорсозии садди тарафи чапи дарёи Қизилсӯ, қитъаи сари Парон ва қитъаи резиши дарёи Ёхсу ва Қизилсӯи деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Гулистон аз тарафи фармоишгар Муассисаи давлатии Маркази идораи татбиқи Лоиҳаҳои Идоракунии Захираҳои оби Водии Фарғона, бо ҳамкории Пудратчиён: ҶДММ “Фирӯз-М” ва ҶДММ “Қудрати Данғара” амалӣ карда шудаанд. Барқарорсозии садди тарафи чапи дарёи Қизилсу қитъаи сари Парон бо дарозии 581 метр ва қитъаи резиши дарёи Ёхсу ва Қизилсӯ бо дарозии 444 метр амалӣ карда шудаанд.

Related Articles