Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JICA) баргузор гардид. Муҳтарам Давлаталӣ Саид дар суханронии хеш ба намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ ҷиҳати ҳамкориҳои самарабахш ва татбиқи нақшаҳои неку созандаи ду давлати дӯст, сатҳи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногун, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин барои мусоидат дар бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, амалӣ кардани лоиҳаҳо дар самтҳои таъмини оби нушокӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак, рушди хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани инфрасохтори роҳ, авиатсия, энергетика ва дигар самтҳои давлатӣ дар ҳудуди вилоят изҳори сипос намуданд. Намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар самтҳои дигари афзалиятнок ва ҳадафҳои стратегии дуҷониба, аз ҷумла Барномаи нави шарикӣ бо Тоҷикистон баҳри татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, амалисозии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон оид ба беҳсозии вазъи коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва кишоварзӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон изҳор доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои беҳсозии фазои соҳибкорӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулотҳои кишоварзии вилоят, рушди инфрасохтори зарурии саноат ва содирот мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар охир таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ҷиҳати омода кардани мутахассисон ва хизматчиёни давлатӣ аз вилояти Хатлон дар самтҳои мухталифи идоракунӣ, молия, бонкдорӣ, сайёҳӣ, роҳсозӣ, энергетика ва дигар соҳаҳои муҳим метавонад аз афзалиятҳои рушди ҳамкории дуҷониба бошад.