РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ХАТЛОН

Ба иттилои мутахассисони соҳа дар 1371 адад муассисаҳои таълимии вилоят 844 ҳазор нафар хонандагон, аз он ҷумла 436,7 ҳазор нафар духтарон дар соли хониши 2022-2023 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Шумораи умумии омӯзгорон 46 ҳазору 987 нафар, аз он ҷумла занон 27 ҳазору 188 нафар аст. Дар ин давра теъдоди омӯзгорон 771 нафар аз ҷумла занон 1186 нафар зиёд шудааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар муассисаҳои таълимӣ хонандагон 27008 нафар, аз ҷумла духтарон 42771 нафар ва дар муассисаҳои томактабию марказҳои инкишоф шумораи кӯдакон 28581 нафар зиёд шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 164 адад муассисаҳои томактабӣ бо фарогирии 17789 нафар ва 1320 Маркази рушди кӯдак бо фарогирии 52909 нафар кӯдакон фаъолият дошта, дар маҷмӯъ фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдак 70,6 ҳазор нафар аст. Фарогирии кудакони аз 3 то 6 сола дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва маркази инкишофи кӯдакон аз 17,2% буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,0 % зиёд мебошад.
Соли хониши 2021-2022 хонандагони вилоят дар оли мпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бо гирифтани 620 ҷойи ифтихорӣ сазовор гардиданд. Аз ҷумла 82 адад медали тилло, 186 нуқра ва 352 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбати соли гузашта 195 медал зиёд мебошад.

Related Articles